Дар истироҳатгоҳи «Кӯли Аловиддин» як шаҳрванди Олмон ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Мунира Назариева, масъули дафтари матбуотии кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ иттилоъ дод. Манбаъ афзуд, Александр Лукас Роса тақрибан рўзҳои 16-17-уми июли соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи «Кӯли Аловиддин» воқеъ дар мавзеи «Замок»-и ноҳияи Айнӣ ҳангоми ба кўҳ баромадан аз баландии 4500 метр аз сатҳи баҳр сарозер шудааст. Зимнан, корҳои ҷустуҷўии кўҳнавард рўзи 20-ми июл шурўъ шуда, санаи 24-уми июл аз тарафи дастаи наҷотдиҳандагони кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ ва базаи кӯҳнавардии «Вертикал» ҷасади алпинист аз зери барф дарёфт гардида, ба мақомоти зирабт супорида шуд. {jathumbnail off}
Мӯҳр