Бахшҳо

Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА се зина поён рафт

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави ФИФА (Федератсиюни байналмилалии футбол), ки 12 сентябр мунташир шуд, се зина поён рафта, бо 181 имтиёз дар мақоми 117-ум қарор дорад.

Тоҷикистон миёни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 15-ум ва миёни тимҳои миллии кишварҳои Шӯравии пешин дар зинаи 11-ум мебошад ва аз Туркманистон, Молдова, Қазоқистон ва Қирғизистон боло ҷойгир шудааст. Дастаҳои мунтахаби Русия, Украина, Арманистон, Узбакистон, Беларус, Эстония, Гурҷистон, Озарбойҷон, Литва ва Латвия пеш аз Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини ФИФА дар байни 209 тими миллӣ мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Аргентина дар ҷойи дувум ва Олмон дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Италия, Колумбия, Белгия, Уругвай, Бразилия, Ҳолланд ва Хорватия ҷойгир шудаанд.

Раддабандии ФИФА аз соли 1993 инҷониб омода шуда, ҳар моҳ таҳия мегардад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 буд. Рейтинги минбаъдаи FIFA 17-уми октябри соли 2013 нашр хоҳад шуд.
Мӯҳр
Албатта ақибравӣ ва ё пешравии дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз савияи футболбозони тоҷик вобастагӣ дорад, барои хамин мехостам барои рушди футболи тоҷик пеш аз ҳама доварони бозӣ боадолат, ҳушёр бошанд ва кӯшиш кунанд, то кам хатогӣ кунанд ва бозиҳои байни дастаҳои лигаи олиро бештар бо масъулияти баланд доварӣ кунанд, зеро ки дар ҳамаи дастаҳои лигаи олӣ беҳтаринҳо вучуд дорад ва имконият диҳанд, то маҳорати худро нишон диҳанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)