Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:11

Тоҷикистон аз лӯлаи газ ба Чин 3 миллиард $ фоида мегирад

13 сентябр 2013, 09:46

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 12-уми сентябр дар шаҳри Бишкек ҳангоми мулоқот бо раисиҷумҳури Чин, Си Ҷинпин, хостори боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳои ду кишвар шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, аз қарори Ҳукумати Чин дар бораи кашидани лӯлаи гази Туркманистон-Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон изҳори қаноат кардааст. Ба иттилои манбаъ дар робита бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин як созишномаи байниҳукуматӣ доир ба кашидани лӯлаи интиқоли гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба имзо расид.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, масофаи ин лӯла дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 400 километрро ташкил дода, то охири соли 2016 бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад ва дар назар аст, тариқи он ҳар сол 25-30 миллиард метри мукааб гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин интиқол дода хоҳад шуд.

Хадамоти м атбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон меафзояд, ки татбиқи ин лоиҳа боиси ҷалби беш аз 3 миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон мегардад: “Ғайр аз ин, барои кашидани ин лӯлаи газ ва хизматрасонии ояндаи он корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин таъсис дода мешавад, ки дар он садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.”

Дар ҳамин ҳол ҷонибҳо ҷоннок намудани корҳо барои таҳия ва пешниҳоди барномаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар барои солҳои наздик зарур шумурдаанд. Инчунин ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷониба барои мусоидат ба эҳёи иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва мубориза бо падидаҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зоҳир гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла таъкид доштааст, “яке аз беҳтарин роҳҳои эҳёи амну субот дар Афғонистон афзун намудани ҳамкории иқтисодӣ бо ин кишвар ва ҷалби ҳарчи бештари он ба лоиҳаҳои минтақавӣ мебошад”. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки “мардуми Афғонистон бояд дар симои мо дӯстони самимӣ ва шарикони боэътимодро бубинанд”.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз Си Ҷинпин даъват намудааст, ки барои таъмини густариши бештари робитаҳои ду кишвар ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Хадамоти мабуоти раисиҷумҳур мегӯяд, ин даъват аз ҷониби раисиҷумҳури Чин бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон меафзояд, ки татбиқи ин лоиҳа боиси ҷалби беш аз 3 миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон мегардад".
Зохиран кормандони Озодагон низ фиреби ин харфхоро хурдаанд, ки аз титри хабар (Точикистон аз лулаи газ ба Чин 3 млрд доллор фоида мегирад) пайдост.
Лула аз Турманистон ва аз махдудаи Узбакистон, Точикистон ва Киргизистон ба Чин меравад, гази Туркманистонро ба Чин мерасонад, пас Чин ба иктисоди худ сармоягузори мекунад, на ба Точикистон. Албатта, ин тарх ба суди Точикистон низ хаст, зеро Чин барои истифодаи махдудаи Точикистон хакки муайян пардохт мекунад, ки шояд ин хак бо газ пардохт бишавад. Вале ба хеч руй ин тарх, ки карор аст дар ду соли оянда ичро шавад, боиси 3 млрд. доллар сармоягузори ба иктисоди мо нахохад буд. Точикистон аз назари чалби сармояи хоричи дар байни кишвархои Шуравии собик дар чойи охирин аст ва сармояи мустакими хоричии чалб кардааш дар тайи 22 сол, эхтимолан ба як млрд. доллар хам намерасад.
Посух додан
  • диловар

  • 13 сентябр 2013 16:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бародар бехабари чи, интихобот карибай, и ягон зарахам фойда надоштабошам неке барои хок пошидан ба чашми мардум хамаи кора мекнм, холи метарсм ки хаминро дастоварди рахмон гуфта да тв-и давлати нишон бтан,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба Абдукодир
бародар ту ягон маълумоти сахех надори хуб мешуд пеш аз навистанат як ба омор менигаристи!сохтмони ин лула ба мо имконият медихад хар чи бештар сармоягузоронро ба худ чалб кунем,аз вобастагии хамсоя халос шавем,зикри хаминаш ба фикрам басанда аст

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!