Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:16

Баҳси тарҳҳои кӯҳна бо президенти нави Эрон

13 сентябр 2013, 10:12

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳошияи ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, имрӯз, 13-уми сентябр, бо президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ мулоқот карда, асосан ҳамкориҳои тиҷорию сармоягузориро баррасӣ намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз афзоиши сармоягузориҳои Эрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ва таъсиси дигар ширкатҳои муштарак зикр карда, изҳори боварӣ намудааст, шуд, ки Эрон дар бунёди дигар иншооти гидроэнергетикӣ ва саноатии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорад.

Манбаъ мегӯяд, дар мулоқот ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, хатти интиқоли нерӯи барқ ва лӯлаҳои об ва нафт миёни Тоҷикистону Эрон ва ҳамчунин роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон меафзояд, ки ҳарду ҷониб ба баргузор намудани як ҳамоиши бузурги соҳибкорону тоҷирони ду кишвар дар шаҳри Душанбе барои таъмини иштироки васеи ҷониби Эрон дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон изҳори омодагӣ карданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Масъалаи накби "Истиклол" фаромуш шуд?
Посух додан
  • умари форук

  • 15 сентябр 2013 17:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дарвозаи калон барои шиъакунии мардуми точик ояндаи мо тачикон мисли ироку сурия мебошад
Посух додан
  • Абумуслим

  • 21 феврал 2014 09:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ирон ягона кишварест,ки дар Точикистон танхо манофеъи забони ва фарханги дорад аз хамин ру ба мо ёри мекунад,касе кит мегуяд,ки барои шиъакунии Точикистон тамоман хато мекунад,ин идеология ва овозахои чосусхои Узбакия хастанд,ки тарики нимчамуллохои бексаводи точик байни оммаи мардум ба хотири ба иттифок наомадани кишвархои фрсизабон рохандози карда мешаванд ва вокеъан кор низ дода истодаанд.Барои онхо чори намудани идеологияи 1000 соли охир яъне аз солии 999 то соли 1924 бисёр зарур хаст ва дар чунин холат метавонанд,ки кишвари точиконро аз байн бардоранд ва аз харитаи сиёси нест кунанд!
Посух додан
  • Сафар

  • 25 май 2014 13:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Умари-Форук-ту-на-точики-ва-на-хуни-милли-до

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!