Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:53

Раҳмон хост, амалиёти қудратиҳои тоҷику афғон ҳамоҳанг бошад

13 сентябр 2013, 11:59

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 13-уми сентябр дар шаҳри Бишкек бо президенти Афғонистон, Ҳомид Карзай мулоқот карда, асосан масоили амниятиро баррасӣ намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфтааст, «самимона орзумандам, ки сулҳ, субот ва пешрафти ҳамагонӣ дар Афғонистон ҳарчи зудтар таъмин гардад ва мо вориди марҳалаи нав дар дӯстии таърихӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи ду кишвар гардем.»

Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, «мо метавонем бо саъю талоши муштарак, бахусус дар мубориза бо террористон, ифротгароён, қочоқбарон ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, марзи ду кишварро ба марзи мутмаини дӯстӣ ва ҳамкорӣ табдил диҳем».

Ба иттилои манбаъ раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки «шӯрои муштараки ҳамоҳангсози сохторҳои амниятӣ ва сарҳадии ду кишвар таъсис дода шавад».

Дар мавриди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҳарду ҷониб ба тезондани корҳо доир ба бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва ба имзо расондани созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон ҳавасмандии худро таъкид доштанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • диловар

  • 13 сентябр 2013 15:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рахмон хост моли куватовро гирифтану худашро зиндон, РАХМОН ХОСТ РАШТУ КУЛОБУ ПОМИРО ЗАДАН, РАХМОН ХОСТ ЗАМИНРО ФУРУХТАН, РАХМОН ХОСТ БА ХИЗБХОИ СИЕСИ ФИШОР ОВАРДЕСТАН, РАХМОН ХОСТ 2 МЛН ОДАМА ГУЛОМИ РУСО КНАНУ ХДШОН МОЛИ МАРДУМА ДУЗДИДА ГАШТАН, РАХМОН ХОСТ ЗАЙДРО ТУХМАТ КАРДА ЗИНДОНИ КУНАН, БАРОИ ХАМАИ ИН ХОСТАХОИ РАХМОН ИЧРО МЕША АММО ДАР СХШ ХАРГИЗ, ДАР ОНЧО РАХМОН ЯК ЧУВЧУВАК ИШТИРОК ДОР

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!