Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:49

Видеои нави Фарзонаи Хуршед, "маҳбуси ишқ" (Навор)

13 сентябр 2013, 12:24

«Биё-биё» таронаи нави Фарзонаи Хуршед, сарояндаи попи тоҷик аст, ки ахиран бар матни он клип ҳам бардоштаанд.

Диловари Мизроб, продюсери Фарзона ба “Озодагон” гуфт, клипи “Биё-биё” дар яке аз давлатҳои Осиёи Марказӣ бардошта шудааст. “Матни суруд аз Фарзонаи Хуршед ва оҳангаш моли Суҳроб Кенҷаев мебошад. Кори коргардонии он бар дӯши Ваҳид буд”,-афзуд ӯ.

Ин клип ҳоло вориди бозор нашудааст, аммо як пора аз он дар ихтиёри “Озодагон” аст, ки пешниҳоди хонандаи азиз мегардад.



Фарзонаи Хуршед, духтари Сурайё Қосимова ва хоҳари Шабнами Сурайё аст. Моҳи феврали соли 2010 бо ҷурми мусоидат дар фирори дӯстписараш ба ду соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт ӯро тибқи моддаҳои 36 (қисми 5), 365 (қисми 1)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор донист. Он гуна ки гуфта шуд, Фарзонаи Хуршед 12-уми январи соли 2010 дӯстдоштааш Фаррух Рӯзиевро, ки бо иттиҳоми қаллобӣ ва фиреб додани як нафар ба маблағи 33 000 доллар дар боздошт қарор дошт, аз назди дарвозаи додгоҳи ноҳияи Сино гирифта бо мошини “Лексус” ба самти Варзоб рафт. Баъди як рӯз онҳоро аз Варзоб боздошт карданд. Фарзона баъди 4 рӯз раҳо ёфт, аммо баъдан дубора дастгир шуд. Ин ҳодиса ба Фарзона “маҳбуси ишқ” лақаб дод. Бо назардошти қонуни авф баъди бештар аз як соли гушанишини зиндони занонаи Норак будан, моҳи августи соли 2011 раҳо гардид.

Фарзонаи Хуршед гуфт дар маҳбас ҳарчанд тарона насуруд, аммо ба эҷоди шеър машғул буд ва эҳтимолан “Биё-биё” яке аз онҳост. Ӯ ваъда кард дар наздиктарин фурсат дигарбора ба саҳна бармегардад. Зуд ба ваъдааш вафо кард ва се таронаи ҷадидро вориди бозор намуд, ки дар феҳрасти таронаҳои сершунавандаи дискфурӯшиҳо қарор гирифтанд: "Хаста шудам" ва "Ба ҷонам ҷафо кардӣ" копишуда аз сарояндаҳои эронитабор ва "Баро-баро" таронае, ки ҳамроҳ бо аппааш Шабнами Сурайё иҷро кард.

Баъди аз маҳбас раҳо шудан нахустин дастоварди Фарзона ҳунарнамоияш ба сифати меҳмон дар озмуни "Big Apple Awards"-и Амрико буд. 3-юми декабри соли 2011 Фарзона ҳамроҳи апааш Шабнам дар ин озмун ширкат ва таронаи “Баро-баро”-ро иҷро кард.
Дар соли 2012 Фарзона, Шабнам ва модарашон Сурайё барномаи бузурги консертиеро бо номи “Баъди борон” баргузор карданд.

Нахустин қадамҳои Фарзонаи Хуршед рӯйи саҳнаи шоу-биснес соли 2000-ум гузошта шудааст. “Ёр, биё, ёр”, “Модар”, “Гардаме”, “Дарди ниҳон”, “Ёрумо”, “Ҷӯраҷон”, “Эй ошиқон” ва “Чашмхумор” аз маъруфтарин таронаҳои ӯ то замони пушти панҷара рафтанаш ҳастанд. Дар ин миён чанд таронаи хонандаҳои эронзабон бо шумули хонум Гугуш "Оҳуи ишқ" ва Комрону Ҳумон "Маро бубахш"-ро низ бозхонӣ кардааст, ки ба обруяш афзуд.

Баъди раҳоӣ аз маҳбас Фарзона бештар бо Шабнам дуэт хондааст. “Баро-баро” ва “Илоҳӣ” аз маъруфтарини онҳоянд. Ҳамчунин, як таронаи сегона бо номи “Шукрона” ҳам доранд, ки муштаракан бо модарашон-Сурайё Қосимова хондаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • а

  • 16 сентябр 2013 10:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Афсус ки имруз мусикии точикро чунин тирмизакхо муаррифи мекунанд.
Посух додан
  • Аваа

  • 10 декабр 2013 15:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зеби дузах АСТ ин кас
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дустон махз инхоянд ки хунари сарояндагии точиконро дар тамоми чахон муаррифи намудаанд! Фикр мекунам,ки хар кас аввал бояд чои тоза ефта худаш шинад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!