Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:03

Сохтмони роҳи оҳан миёни панҷ кишвар мутаваққиф шудааст

26 июл 2011, 13:15

Бунёди роҳи оҳан миёни панҷ кишвар- Эрон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистону Чин аз сабаби ҷудо нашудани маблағи пешпардохт ҳал нашудааст ва корҳо дар ин самт муваққатан қатъ гардидаанд.


Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни тавзеҳи ин мавзӯъ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар ҳоли ҳозир давлати исломии Эрон ба таври бурс (грант) як миллион доллар ҷудо кардааст, аммо ин маблағ то ҳанӯз пешпардохт нашудааст. Ҳакимов афзуд, мебойист ширкати мавсум ба «Метро»-и Эрон корҳои асосноккунии техникии ин роҳро дар қаламрави Тоҷикистон ба анҷом расонад. Аммо корҳое, ки феълан дар ин пружа идома доранд, на ба талаботи Тоҷикистон ва на ба талаботи дигар кишварҳо ҷавобгӯанд.

Манбаъи хабар ҳамчунин гуфт, аз тарафи институти лоиҳакашии нақлиёт як гурӯҳи корӣ шомили ҳайат гардида, кулли асноди марбутаро дар ихтиёр дорад. Ба қавли вазир, кор дар ин самт дар сурате ба анҷом мерасад, ки масъалаи пешпардохт ҳал шавад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!