Бахшҳо
13 сен 2013 15:40Тоҷикистон / Тема дня

Шоҳидии Далер Бобоев, пурсишҳои қозӣ ва раддияи Зайд

Рӯзи ҷумъаи 13-уми сентябр дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав пурсиши айбдоршавандаҳо оғоз шудааст.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, нахуст Далер Бобоев пурсида шуд, ки ӯ нишондодҳои зимни тафтишот додаашро тасдиқ намуд. Бобоев порагирии Зайдро аз Сериқбол Окушев, соҳибкори қазоқ барои коркарди маодин дар кони Ҷоре тасдиқ намудааст.

Қудратов афзуд, дар додгоҳ асосан пурсиш аз рӯи моддаи 319, яъне иттиҳом ба порагирӣ сурат гирифт: “Баъд аз Бобоев бозпурсии Зайд Шерович аз рӯи иттиҳоми порагирӣ оғоз шуд ва ӯ қатъиян ин иттиҳомро рад намуд. Айни ҳол то рӯзи душанбеи 16-уми сентябр дар мурофиа танффус эълон шуд ва дар назар аст, ки бозпурсии Зайд Шерович он рӯз идома ёбад.”

Аммо Қудратов аз ифшои ҷузъиёти посухҳои Зайд Саидов ба далели муҳри махфӣ доштани парванда худдорӣ намуд.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуд. Мақомот ӯро дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам медонанд. Иттиҳомоте, ки Зайд Саидов тамоми онро рад кардаву худро бегуноҳ мешуморад.
Мӯҳр
Сухроб
"Аммо Қудратов аз ифшои ҷузъиёти посухҳои Зайд Саидов ба далели муҳри махфӣ доштани парванда худдорӣ намуд." Охир ин хам адвокат шуд, ин хам одами хамон суду прокурор ва даллоли онхо аст. Чунин адваокатхо на химоягари хукуки мардум.

фируз
дига на ба адвакат бовар карда мешавад на бадигару дигар

Амвон чон
Ин кудратов адвокат нишон дод имруз ки у киро химоя мекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)