Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:20

Тиҷорати китоб дар Туркманистон

13 сентябр 2013, 15:40

Чанд рӯз қабл ВАО-и Туркманистон хабар доданд, ки дар Донишгоҳи давлатии ба номи Махдумқулӣ расми муаррифии китоби “Наберае, ки орзӯҳои бобояшро амалӣ кард” бо забони ҷопонӣ баргузор шудааст.

Суоле ба миён меояд, ки чаро китобе, ки дар Ҷопон ва бо забони ҷопонӣ нашр шуд, на дар Токио, балки дар Ашхобод муаррифӣ гардид? Ҷавоби ин савол одист. Китоби мазкур, ки аз зиндагӣ ва фаъолияти райисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов нақл мекунад, барои хонандаҳои ҷопонӣ нигаронида нашудаанд. Ин як навъ туҳфаи президент дар арафаи сафараш ба Ҷопон буд. Доираҳои тиҷории ин кишвар ба қарордодҳои манфиатовар умед бастаанд.

Ин таҷрибаро Аҳмад Чалиқ, соҳибкори турк оғоз карда буд. Ӯ дар гузашта китоби “Рухнома”-и Сапармурод Ниёзов, президенти вақти Туркманистонро тарҷума кард. Харҷи андаки тарҷума ба забони туркӣ ба Чалиқ даромади ҳангуфт овард. Баъдан, ин таҷрибаро тоҷирони дигари хориҷӣ идома доданд ва “Рухнома” ба даҳҳо забон тарҷума шуд.

Замони Ниёзов тарҷумаҳои китоби ӯ ба тиҷорати хуб табдил ёфт. Мағозаҳои китоб аз китобҳои Сапармурод Ниёзов ва дар бораи Ниёзов пур буданд, ҳоло бошад, ҷои онро китобҳо дар мавриди қаҳрамони дигар гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, нависандаҳои маъруфе назири Раҳим Эсенов, Тиркиш Ҷумагелдиев ва дигарон имкони нашр кардани асарҳои худро надоранд. Ба иттилои расида, дар руйхати адибони мамнӯъ номи ҳудуди 50 нафар сабт шудааст.

Асарҳои ин адибон аз китобҳои муаллифии президент, ки дар дохил ва хориҷ нашр мешаванд, садҳо маротиба пурмазмунтаранд. Аммо барои тоҷирон мазмуни китобҳо аҳамияте надорад. Онҳо медонанд, ки китоби кадом муаллиф бояд тарҷума ва нашр шавад, то даромади хубе биёварад.

Тарҷума аз торнамои “Хроника Туркменистана”



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!