Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:21

Тӯраҷонзода: "Бурдани кӯдакон ба масоҷид дуруст аст"

13 сентябр 2013, 15:48

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонҳои Тоҷикистон, бурдани кӯдаконро ба масоҷид аз нигоҳи дини мубини Ислом раво хондааст.

Оқои Тӯраҷонзода дар посух ба суоли яке аз корбарони торнамои Turajon.Org гуфтааст, бурдани кӯдакони хурдсол, 4 ё 5- сола ба масҷид, ба шарте ки ба намозгузорон халал нарасонанд, ҷоиз аст. Ба навиштаи Turajon.org, дар ҳадисҳои зиёд омадааст, дар замони Паёмбар (с) кӯдакони хурдсолро ба масҷид мебурдаанд: “Занону кӯдакон дар замони Паёмбар ба масҷид рафта дар намозҳои ҷамоат иштирок мекарданд, ҳатто баъзе шаб ба сабаби таъхири намоз дар масҷид хобашон мебурд.”

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, агар ҳузури кӯдакон дар масҷид ба намозгузорон халал расонанд, пас, дар ин сурат аз бурдани онҳо ба масоҷид бояд худдорӣ кард.

Ахиран Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон низ аз намоз хондани кӯдакон ҷонибдорӣ намуда, аммо дар бораи бурдани онҳо ба масоҷид чизе нагуфт. “Вақте кӯдак аз хурдӣ намоз хондааст, яқин бидонед, ки аз ҷониби ӯ ноҳурматӣ нисбати волидайнаш намешавад”,-афзуд ӯ.

Аммо дар ду соли пеш мақомоти Тоҷикистон бо имзои қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдакон рафтани то ҳаждаҳсолаҳоро ба масоҷид манъ кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ккк

  • 13 сентябр 2013 17:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
иншоаллох баъд аз интихобот боз хамаааш озод мешавад ин як вакт имтихони илохи барои мусалмонони Точикистони азиз
Посух додан
  • tojik

  • 13 сентябр 2013 17:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
in konun na fakat dar tojikiston dar hamai sredni aziya va nimi jahon shud.in az emomali ne zavisit.charo turajonzoda inro namegued?yo charoon vakt bar zidi konun hamin grupatonkati baromad nakarded?baroi vazifa metoned ku.
Посух додан
  • нурулло

  • 14 сентябр 2013 05:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мо харгиз ин конунро кабул надорем ва дар амал ичро хам намекунем
Посух додан
  • як точик

  • 25 феврал 2014 22:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
tojik мусулмонони хакикиро дар толори парлумон рох надиханд и гарибо чи кор кунанд бе ин хам хар руз чи тахдидхое ба сари уламахои точик накардаистодаанд т атрафдори Ислом мешуди инро раво намедиди дар хаки уламахо хайфи тувори точик хайф
Посух додан
  • Мусофир

  • 24 декабр 2014 21:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ягон давлати дунё ин гуна конуни бар зидди дини мубини Ислом нест ва ин аз бегаюрии мусалмонигарии мо нишон \медихад ки мо куллан хомушем ба чуз аз баъзе олимхои Худотарс

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!