Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:33

Манъи омӯзиш бо забони русӣ дар донишкадаи фарҳанг

13 сентябр 2013, 17:13

Дар донишкадаи давлатии фарҳанги Туркманистон омӯзиш бо забони русӣ манъ гардид.

Ба навиштаи “Хроники Туркменистана” ректори донишкадаи фарҳанги Туркманистон дастур додааст, ки аз ин ба баъд ба донишҷӯён бо забони туркманӣ дарс дода шавад. Ин торнамо мегӯяд, дар ин маврид фани омӯзишии забони русӣ истисно мебошад.

Муаллимони донишкадаи мазкур гуфтаанд, манъи омӯзиш бо забони русӣ ин хоҳиши худи ректор набуда, эҳтимол дорад, дар ин бора аз сӯи Вазорати фарҳанг ё маорифи Туркманистон дастур шудааст.

Дар донишкадаи давлатии фарҳанги Туркманистон мутахассисон дар соҳаи "Ҳунари театрӣ", "Китобхонадорӣ ва кори осорхона", "Ҳунари актёрӣ ва коргардонӣ", "ташкил ва гузарондани чорабиниҳои фарҳангию дилхушӣ” омода карда мешавад.

Тули чанд сол мешавад, аксари фанҳо дар донишкадаву донишгоҳҳои Туркманистон бо забони давлатии ин кишвар-туркманӣ дарс дода мешаванд. Вале аз сабаби набудани адабиёт, фанҳои коргардонӣ, мусиқӣ дар филм, санъати театрӣ, санъаткорӣ, таърихи театр, бо забони русӣ омӯхта мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!