Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:44

Эмомалӣ Раҳмон алайҳи ҳуҷуми Амрико ба Сурия баромад

13 сентябр 2013, 17:25

Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, имрӯз, 13-уми сентябр, бо қабули як эъломия дар шаҳри Бишкек алайҳи ҳамлаи низомии Амрико ба Сурия баромаданд.

Раисони ҷумҳуриҳои узви СҲШ -Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар ҷаласаи Бишкек бо қабули эъломия аз Амрико даъват намудаанд, ки барои ҳалли буҳрон дар Сурия аз зӯри низомӣ кор набарад. Роҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо роҳи дипломатӣ ва дар асоси меъёрҳои Созмони милали муттаҳид ҳал гардидани буҳрони Сурия таъкид намудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико бо такя ба он, ки ҷонибдорони Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия аз силоҳи кимиёвӣ истифода кардаанд, ҳушдор дод, ки аз зӯри низомӣ дар ин кишвар истифода хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ВАТАНДОР

  • 13 сентябр 2013 18:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ана ин гапи дигар, кори дигар, рафтори дигар
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эъъъ. Ин Рахмону Ислом Каримуф то хадди имкон аз хам дур истодаанд ку! Ё аз миёнашон пишаки сиёх гузашта бошад???
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҷанобон! Як пешниҳод мекардед, то ин ки Руссия ҳам лашкаронашро аз Сурия барорад ва мардуми бечораро ба қатл нарасонад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек алайҳи ҳамлаи низомии Амрико ба Сурия баромаданд. Чаро онхо хостори баровардани лашкари Руссияро надоранд. Агар ин русхо ёрдами харбию техники накунад, хатман шахрвандони Сурия бо хам ба мувофака мерасанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!