Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:19

Қумрӣ Ҳафизова: Бори охир бо Қувватов рӯзи 12-ум суҳбат доштам

14 сентябр 2013, 11:23

Николай Николаев, вакили мудофеи Умаралӣ Қувватов, раҳбари боздоштшудаи “Гуруҳи 24”, мегӯяд, дер боз аз вазъу ҳоли нафари таҳти ҳимояташ иттилое надорад.

Николаев дар сӯҳбат ба “Озодагон” дар ҳоле аз вазъи Умаралӣ Қувватов изҳори беиттилоӣ кард, ки тибқи хабарҳо ӯ аз рӯзи сешанбе (10—уми сентябр) боз дар Душанбе қарор дорад. Бино ба иттилои як манбаъ, баъд аз зуҳри 10-уми сентябр Умаралӣ Кувватов аз Дубай ба Тоҷикистон оварда шуда, дар боздоштгоҳи мувақаттии Кумитаи амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад. Аммо дар суҳбат ба “Озодагон” масъулони як мақомоти қудратӣ хабари истирдод шудан ё нашудани Қувватовро на рад ва на тасдиқ накарда, гуфтанд, аз ин хабар огоҳӣ надорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Қумрӣ Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, бори охир ӯ рӯзи 12-уми сентябр бо шавҳараш суҳбати телефонӣ дошт. "Он вақт шавҳарам гуфт, ки дар Дубай ҳастам, аммо аз дасти мақомоти Тоҷикистон ҳар кор меояд. Шояд баъди 12-ум ӯро ба Тоҷикистон бурда бошанд. Ман хабар надорам",-гуфт Ҳафизова дар суҳбат ба "Озодагон".

Қаблан, дар мавриди содир шудани ҳукми додгоҳ барои истирдоди Умаралӣ Қувватов аз Дубай ба Душанбе сару садоҳо баланд шуда буд. Баъзеҳо ҳадс мезаданд, ки ӯ алакай ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Аммо 25-уми август Умаралӣ Қувватов бо пахши як баёнияи савтӣ гуфт, дар Дубай қарор дорад. Ҳамсари ӯ - Қумрӣ Ҳафизова эълон дошт, дар сурати ғайриқонунӣ истирдод шудани шавҳараш ба Душанбе худкушӣ хоҳад кард.

Умаралӣ Қувватов тобистони соли гузашта дар Маскав эълон дошт, ки “Гурӯҳи 24”-ро таъсис додааст. Вай аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, то дар интихоботи президентӣ номзадиашро нагузорад. Қувватов, шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши сӯзишвории Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Баъд аз таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба сирқати 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрел ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдааст. Дар мавриди қарори додгоҳи таҷдиди назар, ки 18-уми август дар назар буд, айни ҳол иттилои зидду нақиз дода мешаванд, аммо худи Қувватов онро рад мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • фира

  • 14 сентябр 2013 14:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар дар Точикистон бошад дигар озодиро намебинад,бокимондаи умраш дар махбас мегузарад.Бо хукумат бози кардан аблахист.,,
Посух додан
  • hisor

  • 14 сентябр 2013 16:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
sadkai amin zanu kudakot kunad .o fikri haminhoro nakardi?tu ki hastivu prezidenti yak davlat kist.baroi tuhmati prezident ki narkobaron gufti 100-sol ba nomatai
Посух додан
  • faqir

  • 4 ноябр 2013 12:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
фира ва hisor, аблахи а шумохонай Умарали Кувватов кадоми туда бади кардай ин тухмат аст ки У.Кувватов кори беакли карда боша, шахсияте ки обрую этибори хоссае дорад номша догдор кадестен аблахи нест магар. Коментарий навистен хтон покен. Ба ахли оилаи Кувватов гуфтан мехом ки ай сагон натарсен. Масали халкияй: хукумата чизе нагу братан ки тра муллобача гуфта ба бало гирифторут менеан! ай хукумуту хукуматдоро натарсен ай Худо бтарсен!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!