Бахшҳо

Сорбони Ошиқ: Оксанаи 21-сола аз Русия омада дарс мегӯяд?

Даъвати духтарони омӯзгор аз Русия барои таълим дар мактабҳои Тоҷикистон бо вокунишҳои мухталифи хонандагони торнамои “Озодагон” рӯбарӯ омад. Яке аз хонандагони доимии мо бо номи Сорбони Ошиқ дар шарҳе ин тасмими Вазорати маориф ва ҳукумати кишварро нодуруст шуморидааст. Ҳоло номаи Сорбонро нашр карда, аз Шумо ҳам мехоҳем, назару пешниҳодҳои худро ба мо бифристед: ozodagonweb@gmail.com


“Духтарони ҷавони руси маълумоти олии педагогӣ дошта дар худи Русия ҳам ниҳоят боқадранд. То ҷое бохабарам, онҳоро ҳукумати Русия ба ҷойи кору манзил таъмин менамояд.

Ба таври дигар, духтарону занҳои ҷавони руси маълумотдор аз рӯи тарбияву маълумотнокии худ ниҳоят касбдӯстдоранду дилгармона ба кори худ муносибат мекунанд. Ҳолатҳое буданд, ки онҳо бо музди камтарин ва сари вақт дастраснашаванда тоқат карда, рӯз мегузарониданд.

Мушкилии касби онҳо аз он иборат аст, ки кӯдакони рус ниҳоят нозуку мустақилфеъланд. Бо онҳо ҳангоми муносибат тавре рафтор кардан лозим аст, ки гӯиё онҳо низ ҳамсоли худатанд. Суханҳо бояд ҳалимонаву рост ва каме оҳанги тарбиявӣ дошта бошанд. Чунки агар онҳоро танбеҳ диҳӣ, чунон зирак ҳастанд, ки эътироз мекунанд. Дар Тоҷикистон боз онҳо бо душвориҳои дучанд гирифтор мешаванд.

Ҳеч тассаввур карда наметавонам, ки Оксанаи 21-солаи сибиридухтар якуякбора рафта, дар дуртарин мактаби деҳаи кӯҳистони Тоҷикистон ба фарзандони тоҷик дарс гӯяд. Дар давраҳои СССР дар Тоҷикистони Шӯравӣ қариб ним миллион аҳолии русзабон зиндагӣ мекарданд. Нутқи русиро ҳар рӯз тариқи радиову телевизион мешунидем. Дар мактабҳои миёна муаллиму муаллимаҳои забони русӣ буданд. Ҳолатҳое мешуд, ки аз рӯи касбу кор ва муроҷиат, мо ба забони русӣ ҳарф мезадем. Яъне, ба қавли як файласуф, мо дар байни онҳо будему онҳо дар байни мо. Дар коргоҳу муассиса ва корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасониву амсоли инҳо, мо узви як коллектив будем.

Сабаби забони русиро донистани бисёре аз мо дар он буд, ки русзабонҳо бо ҳамроҳии мо кор мекарданд. Ҳоло бошад, наврасону ҷавонони тоҷик якраву мушкилтарбия гаштаанд. Дар Русия будани муҳоҷирони ҷавони корӣ заминаи муфид аст, ки каму беш забони русиро омӯзанд. Дар хотир дошта бошед, ҳамон тоҷикони инқилобчиву сиёсатмадори солҳои 20-уму 30-юми асри гузашта онҳое буданд, ки бо русҳо дар шаҳрҳои Тошканду Хева ва Самарқанду Бухорову Хуҷанд кор мекарданд.

Вале пай мебарем, ки ҷавонони муҳоҷир тамоман майли омӯзиши ин забонро надоранд. Барои онҳо дар навбати аввал дороиву пулёбӣ ва доштани мошини хориҷиву майли хоса ба худдӯсториву яккатозӣ ва доштани кинаву адоват нисбати худиҳову бегонаҳо мебошад. Фаҳмидани мақсаду мароми ин ҷавонони нав муаммост. Ҳатто дар соатҳои фароғату рӯзҳои истироҳат онҳо аз тамоши диски "ситораҳои тоҷик" ва сайру гашти бе мақсаду беохир монда намешаванд.

Сорбони Ошиқ, РФ”
Мӯҳр
Ашраф
Садҳо офарин ба ҳамватани азизу миллатдусту ватанпарварамон устод Сорбони Ошиқ! Тамоми навштаҳояшон олӣ, ҷаззоб, ибратбахш ва хонданиву дустдоштанӣ! АЛЛОҲ шуморо дар мусофират ва ғурбат дар паноҳаш ҳифз намояд ва аз чашми бади ноҷавонмардон дар эмин нигаҳ дорад.

АЗ ЗАБОНИ РУСИРО ОМУХТАНА, БОЯД МО БИСЕРТАР БА ОМУХТАНИ ЗАБОНХОИ АНГЛИСИ ВА ХИТОИ АХАМИЯТ ДИХЕМ.
ЧУНКИ, МО КАРИБ 100 СОЛ АСТ, КИ ДАР ЗЕРИ АСОРАТИ РУСХО КАРОР ДОРЕМ, ВАЛЕ ЯГОН ПЕШРАВИ НАДОРЕМ.
ДАР МАФКУРАИ МО РУСХО БА МОНАНДИ МИЛЛАТИ БУЗУРГ ВА БОАКЛ ШИНОХТА ШУДААНД, ЛЕКИН МО ХАТОИ БУЗУРГ МЕКУНЕМ, ЧУНКИ РОССИЯ ИКТИСОДИЕТИ ХУДРО АЗ СОДИРОТИ НАФТУ ГАЗ ВА АШЕХОИ ХОМ ПЕШ БУРДА ИСТОДААСТ, КИ ИН БОИСИ ПАЙРАВИ НЕСТ.
ДАР ХУНИ МАРДУМИ ТОЧИК ТИННАТИ ГУЛОМИ НИШАСТААСТ, ВА ВАКТЕ КИ МО МУШОХИДА МЕКУНЕМ, МАРДУМИ МО ДАР РОССИЯ ПАЖМУРДА ХАСТАНД, ЧУНКИ МО ХУДРО ПОЙБАНДИ РУСХО КАРДАЕМ, ВА БА ИН РУСХО МУСОИДАТ МЕКУНАНД.
БАС АСТ, ХУДРО ГУЛОМИ РУСХО КАРДАН, АГАР АЗОБ ХАМ КАШЕМ БОЯД ЗАБОНХОИ ХИТОИ ВА АНГЛИСИРО БИСЕРТАР АЗ СИННИ ХУРДСОЛИ ДАР МАКТАБХОИ МИЕНА ВА ТО ОЛИ БИЕМУЗОНЕМ, ВА АГАР ИМКОНИЯТ БОШАД ОМУЗИШИ ДАРСХОИ ХУДШИНОСИРО ХАМ ЧОРИ КУНЕМ, ТО КИ МИЛЛАТИ ТОЧИК ХУДРО ХАМЧУН МИЛЛАТИ КОМИЛХУКУКИ ДУНЕ ХИС КУНАД, НА ИНКИ ХАМЧУН ГУЛОМ!!!
ВА АГАР ДОНИСТАНИ ЗАБОНИ РУСИРО ХУКУМАТИ МО БИСЕР ХАМ ЗАРУР ДОНАД, ХУБ МЕШАВАД, КИ ОЗМУН ЭЪЛОН КУНАНДУ АЗ БАЙНИ ШАХРВАНДОНИ ТОЧИКИСТОН ОМУЗГОРОНИ БОСАВОДУ БОЛАЕКТРО ИНТИХОБ КУНАНД ВА ГОЛИБОНИ ОЗМУНРО БО МАОШИ БАЛАНДУ МАНЗИЛИ ИСТИКОМАТИ ТАЪМИН КУНАНД.
САД ДАР САД БОВАРИ ДОРАМ, КИ АГАР ОЗМУН ОДИЛОНА ГУЗАРАД, НАКША БАРЗИЕД ИЧРО МЕШАВАД.

БАС АСТ ХУДКУШИЮ БЕГОНАПАРАСТИ!!!

ОЗОДАГОН СУХАНХОИ МАРО КАЙЧИ НАКАРДА ЧОП КУН, АГАР ОЗОД БОШИ!!!

Бехтарин хабар биёянд дарс гуянд ин кори хуб аст. Чаноби сомони акибмонии мо айби русхо нест айб дар худи мост. Як мутафаккир гуфтааст: "Агар инсон ба инсони дигар кумак намекард башарият боки намемонд". Мо хама инсонхо дар замин мисли 1 оила хастем бигзор биёянд русхо, англисхо, чинихо дарс гуянд ва точикон раванду ба дигархо точики омузонанд. МО ХАМА БАРОДАРЕМ, ХАМА АЗ ЯК МОДАРЕМ. ДАР НАЗДИ ЯЗДОНИ ПОК, МО ХАМА БАРОБАРЕМ. Бо умеди ВАХДАТИ ОЛАМИ ИНСОН ФОРОБИ!

Шариф
Бигзор биёянд. Бе забони русию англисй ба чое намерасем. Солхои 60-70 муаллимахои рус зиёд буданд. Онхо самимона дарс медиханд. Лекин бо ин маош дар гумон аст, ки дар Точикистон кор кунанд. Лозим аст, ки бо Русия шартнома карда, нисфи маошашонро Русия дихад. Бар ивази пойгохи низомй ва "Окно"

Ориф
Ачоиб дар хонаи урус зиндаги дориву ин кадар уруса бад мебини. Хубай бадай аз хисоби амуво хурдесай дамта бигир, ба шарте биеянд мон биёянд ин кадар инсонбадбин нашав точик пешрафт надорай айби худшай. Точики имрузаи мо 22 сол шид фикр дорай ки чи хел кунам то зани хамсоя куртаи остиндароз пушад баъд аз кучо пеш равем вакте хушу еди мо ба зани мардум банд асту остини ура сантиметр карда мегардем. Хозир китоби физакуву химияра дар тани точик варить куни намечаспад, аз ин ру пешравиро интизор нашавед.Лекин хар як чавони фанатик дорем ки агар даркор шава 1000 далелу хадис оварда аз номи ту занта сар метиян ба худо .

Ашраф,
Ташаккур Ашрафчон!Интизор набудам,ки хайати эчодии "Озодагон" ба ин сатрхои навиштаи банда.назари алохида дошта бошанд.Ман то холо хам.худро шогирди миллати худ мешуморам.То холо хам мисли як шогирди рохгумзадаи дур аз ватан буда,ба устоде эхтиёч дорам,ки рахнаварди ман гардад.Доимо ман ба аллохи бузург умед мебандам.Шуморо хам аллохи бузург дар панохи рахматаш нигохбон бошад.Худованди мехрубон мардуму миллати мо ва Точикистони азизи моро хамеша дарамон нигох дорад.Чи илоч раванди мухочират,сол то сол мушкилтар шуда истодааст.Сафи мухочирон аллахусус дар Россия нихоят афзудааст.Ман чунин мепиндорам,ки мардуми Россия.русхо ва рохбарону сиёсатмадорони ин давлат факат гуё,ки ба мо точикон эътирозхои сиёсиву маънави ва иктисоди доранд.Модоме,ки омухтани забони руси амри замон бошад,хайр чи илоч,"зарур бувад,раво бувад" гуфтаанд.Аз хама зарур,ба чавонон омухтани забони модарии худ ва адабиёт заруртар аст.Шоири бузурги точик хазрати Лоики шодравон хело хуб фармудааст,"Хар кас ба забони хеш сухандон гардад,донистани сад забон осон гардад".Чаро,чавонони африкоиву дунёи араб,хитоиву турку яхуди омада дар Россия чидди аз паси омухтани ин забон мешаванду чавонони мо не.Шояд,дар оянда ин масъалахои омузиши забони руси,як шохаи барномаи махсуси президенти ояндаи Точикистон шавад.Бори дигар ташаккур,ба "Озодагон" хам миннатдории худро иброз медорам.Маъзарат мепурсам,аз он ки боз сари ин мавзуъ баргаштам.

Ориф,
Навиштахои манро дуруст хон,ман ягон чое ишора ба бадбини накардаам.Баръакс гуфтани хастам,ки русхо моро намеписанданду наздикие ба мо надоранд."Даматро гир" гуфтани ту танхо нидои беодобии худи ту аст.Ин таклифхои хукумат он кадар чидди нестанд..Остинхои занхои хамсояро дар Точикистон чен мекардаанд.инашро нав фахмидам.Аз хамон ченакдорхо аник яктоаш ту хасти Ориф!.Одоби муомиларо аввал биомуз.баъд ба навиштан шуруъ намо!

Ориф
Бубахш,ки сари эхсос чунин харфи ночо гуфтам. Лекин кадом одам дар мукобили амали худаш хаф мезанад,ки мегуи яке аз онхое ки дарозиву кутохии остинхои зани хамсояро диккат медихаду чен мекунад туи.Тухмат амали шоиста аст магар? Аммо дар шароити имруза донистани забони руси барои точик мухим ва зарур аст. Хатто зарур аз аз забони арабиву англиси. Сорбони Ошик.Сибирь,

Ориф,Дуруст мегуи Ориф.Ман хам доимо тарафдори он хастам,ки забони русиро чавонони мо хубтар аз худ кунанд.барои мо ва Точикистон аз Россия дида дигар давлати пуриктидору пешраванда.харгиз нест."Озодагон",таъкид кардааст,ки гуиё ман ниятхои хукумати Точикистонро нодуруст шумурдаам.не ин тавр нест.Бигузор англисхову немисхову хитоихо хам дар Точикистон бошанд.Лекин хамаи дуньё имрузхо мухточи Россия шуда истодаанд.Хитоихо хам забони русиро меомузанд.онхо маккорона аз Точикистон имрузхо фоидахои иктисоди ёфта истодаанду,майл ба суи аврупо ва Россия карда истодаанд.Агар шумораи русхо садхо хазор нафарро дар Точикистон ташкил кунанд,хам натичае нест.ки агар чавонони ояндаи мо ин забони онхоро хуб аз худ накунанд.Ин танхо маънои онро надорад,ки суханхои кучагиро омузанд,аз кабили:"Здрасти,как дела и как зовут,плов хочешь?"не.Барои он ки тарики ин забон технологияи наву навовариро дар истехсолоту тичорат омузанд.Аз дигар чониб танхо ба силсилаи сафи онхо хамчун русзои босаводу донишманду сиёсатдору тавоно пайваставу такья кардан хам лозим нест.Инро мо аз сар гузаронидем.Яъне агар чавони руси 21-солаи рус,афсари харби бошаду бо рутбаи лейтенант,командири взводи танкчиён шавад,пас Орифи чавон ин касбро чаро аз худ накунад?Ё ин ки нисбати дигар кору касабахо низ мегуям.

Ориф,
АКАИ ОРИФ, ДАР БОРАИ ОСТИНИ ДАРОЗИ КАЛТАИ ЗАНИ ХАМСОЯ ГАП ЗАДЕД. БАРОИ ЧИ ШУМО ЯК БОР БА ТАРЗИ ДАВЛАТДОРИИ ДАВЛАТИ ИСЛОМИИ ЭРОН НАЗАР НАМЕКУНЕД???
34 СОЛИ БАЪДИ ИНКИЛОБ ЭРОН БА ЯКЕ АЗ ДАВЛАТХОИ АБАРКУДРАТИ ХОВАРИ МИЕНА МУБАДДАЛ ГАШТ. ДАР ХОВАРИ МИЕНА БА ГАЙРИ СУРИЯ ДИГАР ЯГОН ДАВЛАТИ АРАБ ДУСТАШ НАМЕДОРАД, ЧУНКИ ФОРС ХАСТАНД. ИН ХАМА АЗ ИРОДАИ КАВИИ ХУКУМАТУ МАРДУМИ ЭРОН ХАСТ. ДАР БАРОБАРИ ТАРРАКИЕТ БОЗ ИСЛОМ ХУКМФАРМО ХАСТ.
ВАКТЕ КИ ШАХС ДАР ТАНГИ МЕМОНАДУ, АЗ ЧОР ТАРАФ ФИШОР БА САРАШ МЕОЯД, ОН ВАКТ МАГЗИ САРАШРО БА КОР МЕБАРАД. БА МИСОЛИ ГУРБАЕ КИ МЕГУРЕЗАД ТО КУНЧИ ХОНАВУ, МЕБИНАД КИ ДИГАР РОХИ ГУРЕЗ НЕСТ, БАЪД БА ДУМБОЛГИРАШ ХАМЛА МЕКУНАД. ЭРОН ХАМ АНА ХАМИН ГУРБАИ ХАМЛАГАРРО МЕМОНАД.
ШУМО БА БАХОНАИ ОСТИНУ РУЙМОЛИ ЗАНИ ХАМСОЯ МАРДУМИ ТОЧИКРО БА ГУЛОМИИ ИН БАДМАСТОНИ РУС ДАЪВАТ НАКУНЕД!!!
ДОНИСТАНИ ЗАБОНИ РУСИ БАЪД АЗ ДОНИСТАНИ ЗАБОНИ АНГЛИСИЮ ХИТОИ ЧОИ СЕЮМРО МЕГИРАД!!!
МАН БА МАРДУМИ ТОЧИК АЗ ЗАБОНИ ШОИР ГУФТАНИАМ КИ:

МОНАНДИ САБО ХЕЗУ ВАЗИДАН ДИГАР ОМУЗ,
ДОМОНИ ГУЛУ ЛОЛА КАШИДАН ДИГАР ОМУЗ,

БАССС АСТ ГУЛОМИ БА МАРДУМИ ДУРУЯИ РУС!!!
РУСХОРО ДАР ДУНЕ ХЕЧ КАС НА ДУСТ МЕДОРАДУ НА ХУРМАТ МЕКУНАД!!!

а
Сомони. Ба гуфтаи мувофикам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)