Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:20

Раҳмон дар Суғд ба омӯзгорони Мактаби президентӣ хона дод (АКС)

14 сентябр 2013, 12:46

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 14-уми сентябр барои ифтитоҳи чанд иншооти муҳим ва шиносоӣ бо зиндагии сокинон ба вилояти Суғд, шимоли кишвар рафтааст.

Ин сафари оқои Раҳмон аз шаҳри Чкалов оғоз ёфта, вай дар он ҷо бинои истиқоматии дорои 46 хона барои омӯзгорони Мактаби президентиро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст. Дар ин бино беш аз 90% омӯзгорони мактаби президентии шаҳри Чкалов соҳиби хонаҳои хизматӣ шуданд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли ҷорӣ низ ба вилояти Суғд рафта, аз Ашту Хуҷанд ва Қайроққум боздид анҷом дода буд. Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, далели ин ҳама боздид ва мулоқот бо мақомоти маҳаллӣ интихоботи қарибулвуқӯи президентист, ки шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Ҳарчанд оқои Раҳмон рӯшан нагуфтааст, ки дар ин интихобот ба ҳайси номзад иштирок хоҳад кард ё не, вале таҳлилгарон ӯро аз номзадҳои аслии ин интихобот медонанд. Ӯ то ҳоло се бор дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ иштирок ва пирӯз шудааст. Ҳарчанд мухолифонаш ба пирӯзии ӯ шубҳа доранд ва интихоботҳои гузаштаро пур аз тақаллуб медонанд.


Дар рӯзи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд аксҳои бузурги ӯ дар кӯчаву хиёбонҳои Хуҷанд пайдо шуданд:

Раҳмон дар Суғд ба омӯзгорони Мактаби президентӣ хона дод (АКС)

Раҳмон дар Суғд ба омӯзгорони Мактаби президентӣ хона дод (АКС)

Раҳмон дар Суғд ба омӯзгорони Мактаби президентӣ хона дод (АКС)

Раҳмон дар Суғд ба омӯзгорони Мактаби президентӣ хона дод (АКС)

Раҳмон дар Суғд ба омӯзгорони Мактаби президентӣ хона дод (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • донишчу

  • 14 сентябр 2013 18:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
омад омади чаноби рахмон хамаро аз кор мемононад .чи лозим хамин ифтихорхои дуругин .мо донтишчуëнро аз дарс мононда то пешин катор кардан дар кади рох шарт буд магар?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!