Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 09:01

Кириллӣ ё форсӣ? Назари Раҳим Масов, донишманди тоҷик

14 сентябр 2013, 13:16

Раҳим Масов, таърихшиноси тоҷик, дар сӯҳбат бо торнамои Русский Мир гуфтааст, далели аслии бар нагаштан ба хатти форсӣ ин ангезаи сиёсӣ шудани он мебошад.

Ба қавли оқои Масов, масъалаи алифбои тоҷикӣ имрӯз хеле ба сиёсат кашида шуда, ҳам ба сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии Тоҷикистон вобаста мебошад. Ӯ мегӯяд, “аз як тараф ҳукумати имрӯза дар бозгашт ба хатти форсӣ мухолифони худро мебинад аз сӯи дигар, Эрон имрӯз омодааст, дар гузариш ба хатти форсӣ Тоҷикистонро кумак кунад. Вале дар ин сурат равобит бо Русия сард мешавад.”

Ба назари ин таърихшинос, имрӯз аз мақоли “ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранчад” бояд истифода кард: “Роҳи аз ҳама беҳтар ин дар як вақт рушд додани ҳам хатти кириллӣ ва ҳам форсӣ мебошад ва гузашта аз ин, ин иқдоми хирадмандона ба бойшавии фарҳангу забони тоҷикӣ аз лиҳози маънавӣ кумак мекунад.”

Масов таъкид намудааст, пурра даст кашидан аз хатти форсӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ба нобудӣ мерасонад. Барои нобуд нашудан дар раванди ҷаҳонишавӣ бояд гузаштаи худро ҳифз кард. “Бовар дорам, хатти арабиасос дар оянда василаи илм ва зиёиён табдил шуда, хатти кириллӣ воситаи ҳамгироии тамоми мардуми тоҷик дар ҷаҳони глобалӣ боқӣ мемонад”,-таъкид кардааст ӯ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • رستم دستان

  • 14 сентябр 2013 18:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
با سلام به همه خوانندگان
احسنت و آفرین به این تاریخ شناس. این قدر مسئله را خوب فهیمده و برای حلش راه خوب پیشنهاد کردند.
ما باید
از زبان مادری گم کرده لیک

می رسد روزی وطن گم کرده ای
Посух додан
  • Spitamen

  • 15 сентябр 2013 00:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Олимони тоҷик агар ин тавр фикр кунанд вой бар ҳоли гастробайтерҳо. Охир боз аз ин ҳам метавонад, ки муносиботи мо бо Русия сардтар шавад?
Фарз кардем, мо нотарсида ба хати форси гузаштем. Оё Русия чи кор мехоҳад бикунад? барои муҳоҷирон виза ҷур кунад. Ҳамон виза беҳтар аз ҳамин тарсида гаштанҳои муҳоҷирон аст. Лоақал мегуянд , ки виза дорем.
Ё ки ҳамин Базаи 201 ба Тоқикистон ҳуҷум кунад. дили мардумро ба даст овардан дар кор дар як шаб базаи 201 мегири дар кор шавад. Фақат тарсидан лозим.
Аз дигар тараф ба форси гузарему ду забони давлати дошта бошем. Руси ва форси. русия ба мо кумак ҳам мекунад. Ин одамои кӯхна то холо фикр мекунанд, ки Ленину Сталин зинда аст ва аз инҳо мепурсад, ки чаро ба форси гузаштед. Ҳамин одамои даврони пеш ҳастанд ки намехоҳанд ба хати ниёгон гузарем. Русия ба забон чи кор дорад, вай дигар манфиатҳои худро ки ба даст биёрад ба забони мо коре надорад.
Посух додан
  • tojik

  • 15 сентябр 2013 01:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
darshoi forsivu arabiro boyad dar maktabho ziyod kunem.in ba foidai ham talabagon va ham hukumatdoron ast.islomro bahona nakuned.zabonu harfu xondanro yod girand.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иншооллох бо маддати парвардигор гуфти шумо мешавад.(чандин хазорхо дар китобхонахои А.Фирдавсию А.Лохути китобхо хобидааст)Худованд ба умри шумо баракот дихад .
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Беҳтарин мавқеъ ва роҳи ҳалли масъала!!! Имрӯз рушди ду хат, дуалифбоӣ ва оянда худ нишон хоҳад дод, ки миллат кадом якеро интихоб хоҳад кард.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар масъала дар робита ба "нобуд нашудан дар раванди ҷаҳонишавӣ бояд гузаштаи худро ҳифз кард" бошад, пас академисиян бояд аз МАСОВ даст кашанд. Ин мешавад гоми росих ҳифз кардани суннатҳои гузаштагони худ.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам хамватанон,
хам хатти арабиасос ва хам кирилли барои мо точикон бегона аст.
Наход таърихро фаромуш карда бошем, ки чи тавр арабхо мардуми точикро сар бурида каламанорахо месохтанд ва бо хамин восита хатти худро дар сарзамини мо чори карда буданд! Большевикхо низ аз онхо хеч ками надоштанд! Дар назар чунин менамояд, ки гуё точикон то истилои араб олиму нависанда надоштанд ва хеч гох сохиби хатти худ набуданд....
Кутох карда гуям, хаттхои дар боло зикргардида барои точикон бегона буданд ва бегона мемонанд ва аз хамин лихоз ба олимони мухтарамамон мурочиат карда хохиш мекунам, ки агар хунар дошта бошед хатти аслии точикиро эхё намоед. Дар сурати натавонистан хуб мешуд, ки хомуширо ихтиёр мекардед.
Ба андешаи ман, айни замон, дар Точикистон аз ин ду хатти ба мо бегона хамонеро бояд кабул кард, ки азхудкуни ва истифодааш осонтар аст.
Бо арзи салом, 5ехруз Сафаров.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хам лаъл ба даст ояду хам ер наранчад
Посух додан
  • Форсиябону

  • 10 март 2014 12:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсант..мухтарам..Масов...закитарину точиктарин олими дунёи форсзабонхо...Мо бояд..хуруфоти форсиро низ..дар мадди аввал гузорем...хатман...
Посух додан
  • Поп

  • 23 сентябр 2014 09:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои мо чи лозим аст рус!Наход акли точик ба он нарасад,ки имруз русхо ба хати Кирил ва Мефодий чун хати дини православи назар меафкананд!Наход надонед,ки хамин Кирил ва Мефодиё барои русхо чун авлиёхои мкаддаси мазхаби православии рус махсуб меёбанд.Наход надонед,ки бо чори кардани ин хат русхо маънавияту мукаддасоти дини худро ифода кардан мехоханд.Хати араби ин хати чадди мост.Он нишона аз хати оромии Куриши Кабир дорад ва аслан хати ниёгони точик аст на арабхои хатдузд!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!