Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:51

Дар Кӯлоб санҷишу назорати нақлиёти боркаш тахминӣ сурат мегирад

27 июл 2011, 02:20

Кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзими соҳаи нақлиёт дар минтақаи Кўлоб дар 6-моҳ 1360-нақлиётро аз санҷиш гузаронида, 528-санади зарурӣ тартиб дода, ба додгоҳ ирсол намудаанд.


Дар ҳамин муддат, ба 190 ронанда иҷозатномаи мусофиркашӣ дода, 120-адад муҷаввизи дигарро барои фаъолият дароз намуда, аз ин ҳисоб, ба буҷа  83.040-сомонӣ даромад ворид сохтаанд. Дар ин бора Умаршоҳ Давлатов, муовини сардори Раёсати хадамоти танзими нақлиёт дар минтақаи Кӯлоб  хабар дод. Ба қавли Давлатов, тақрибан ҳамаи санадҳои тартибдодашуда  барои ронандагони мусофиркаш будаасту бас. «Хадамоти минтақавӣ тарозу ва дигар таҷҳизоти санҷиш ва назорат аз болои нақлиёти боркашро надорад, аз ин хотир барои ин намуди нақлиёт тақрибан кореро ба анҷом расонда наметавонем», мегӯяд ў.

Дар ҳамин ҳол, Хуршед Ҳамидов, сардори идораи назорат ва танзими нақлиёти шаҳри Кўлоб, гуфт, «кормандони мо нақлиёти боркашро ҳам таҳти назорат мегиранд ва санадҳои қоидавайронкунӣ тартиб медиҳанд. «Агарчӣ таҷҳизот ҳам надошта бошем, тахминӣ медонем, ки чӣ тавр қоидаи боркаширо ронандагон вайрон мекунанд», афзуд ӯ.

Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба хусус дар шаҳри Кўлоб ҳамарўза даҳҳо адад нақлиёти боркаш аз кўчаҳои марказии шаҳр шағалу хок ва дигар маҳсулоти сохтмониро ба маротиб аз иқтидорашон зиёд бор кардаву резонда мегузаранд, аммо нозирони хадамоти мазкур онро нодида мегиранд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!