Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:33

Тоҷикон дар бузкашӣ чиниҳоро мағлуб карда $35 000 гирифтанд

16 сентябр 2013, 10:43

Дар мусобиқаи кушоди Осиё аз рӯи бузкашӣ дастаи Тоҷикистон миёни 8 кишвар ҷои сеюмро гирифта соҳиби 35 ҳазор доллари амрикоӣ шудаанд.

Тибқи иттилои расонаҳои қазоқӣ, дар ин мусобиқа, ки аз 10 то 15-уми сентябр дар иподроми “Казанат”-и Остона, бо иштироки намояндагони Тоҷикистон, Муғулистон, Чин, Қазоқистон, Узбакистон, Русия, Туркия ва Қирғизистон сурат гирифт, соҳибони майдон ҷои якум ва қирғизҳо ҷои дуюмро гирифтаанд.

Барои ҷои сеюм бузкашҳои тоҷику чинӣ қувваозмоӣ кардаанд ва дар натиҷа намояндагони Тоҷикистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омадаанд.

Тибқи иттилои ташкилкунандагони ин мусобиқа соҳибони ҷойи якум, 75 ҳазор доллари амрикоӣ, 2-юм - 45 ҳазор ва соҳибони ҷойи сеюм 35 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!