Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:26

Ҳузури писар ва бародари Зайд Саидов дар мурофиаи додгоҳӣ

16 сентябр 2013, 10:47

Хайрулло Саидов ва Файзиддин Шеров, писар ва бародари Зайд Саидов -- раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби “Тоҷикистони нав” барои иштирок дар мурофиаи додгоҳии ӯ иҷоза ёфтаанд.

Наздикони Зайд Саидов, ки дар қарибии боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон менишастанд, гуфтанд, ҳамин ду нафар аз пайвандони ӯро ба мурофиа роҳ додаанд. Ба қавли онҳо, инчунин Исҳоқ Табаров ва Шӯҳрат Қудратов, вакилони мудофеи Зайд Саидов, дар мурофиаи рӯзи душанбеи 16-уми сентябр иштирок доранд.

ТАШХИСИ ДНК

ВАЪДАИ ДОДРАС

ШОҲИДИИ ДАЛЕР БОБОЕВ

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябри соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфта, рӯзи 13-ум низ идома карда буд. Дар мурофиаи рӯзи ҷумъа пурсиши айбдоршавандаҳо оғоз шуда, нахуст Далер Бобоев пурсида шудааст. Бобоев порагирии Зайдро аз Сериқбол Окушев, соҳибкори қазоқ барои коркарди маодин дар кони Ҷоре тасдиқ намудааст.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуд. Мақомот ӯро дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам медонанд. Иттиҳомоте, ки Зайд Саидов тамоми онро рад кардаву худро бегуноҳ мешуморад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • н

  • 16 сентябр 2013 11:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародараш Файзиддин мулло аст. Ягон курхат кунад хамон судяро хамааш хуб хохад шуд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!