Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:12

Қувватов ба ҳамсараш: "Дар Дубай ҳастам ва Худо хоҳад, озод мешавам"

16 сентябр 2013, 11:26

Умаралӣ Қувватов, раҳбари боздоштшудаи созмони сиёсии “Гуруҳи 24”, дар як тамоси телефонӣ бо ҳамсараш -- Қумрӣ Ҳафизова гуфтааст, ҳоло дар зиндони Дубай қарор дорад. Ин сӯҳбати телефонӣ субҳи 16-уми сентябр сурат гирифта, оқои Қувватов бештар дар бораи интихоботи президентӣ ва вазъи сиёсии Тоҷикистон пурсидааст.

“Вай дар суҳбати телефонӣ ба ҳама салом расонд ва гуфт, ки сиҳҳату саломат аст. Ҳамеша таъкид мекард, ки дар зиндони Дубай ҳасту умед дошт, ки Худо хоҳад озод мешавад”,- гуфт Қумрӣ Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов дар сӯҳбат бо “Озодагон”. Николай Николаев, вакили мудофеи Қувватов, ҳам дар саҳифаи Фейсбукаш навиштааст, "ҳамин ҳоло бо Умаралӣ сӯҳбат кардам. Зинда асту дар Дубай мебошад. Тасдиқ кард, ки Аморот истирдоди ӯро ба Тоҷикистон рад кардааст."

Ин дар ҳолест, ки оқои Николаев рӯзи шанбеи 14-уми сентябр дар сӯҳбат бо мо гуфта буд, дер боз аз вазъу ҳоли нафари таҳти ҳимояташ хабаре надорад. Дар ҳамин рӯз як манбаъ иттилоъ дода буд, ки Қувватов баъд аз зуҳри 10-уми сентябр аз Дубай ба Тоҷикистон оварда шудааст. Аммо дар суҳбат ба “Озодагон” масъулони як мақомоти қудратӣ хабари истирдод шудан ё нашудани Қувватовро на рад ва на тасдиқ накарданд.

Умаралӣ Қувватов тобистони соли гузашта дар Маскав “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дода ва аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, то дар интихоботи президентӣ номзадиашро нагузорад. Қувватов, шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши сӯзишвории Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Баъд аз таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба дуздии 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрел ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдааст. Дар мавриди қарори додгоҳи таҷдиди назар, ки 18-уми август дар назар буд, айни ҳол иттилои зидду нақиз дода мешаванд, аммо худи Қувватов онро рад мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!