Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:57

Дунё на ҳамеша ба умед аст. Ё солҳои ноумедию наслҳои гумшуда

16 сентябр 2013, 14:01

“Аз ҳама чиз дилат мемонад, вақте ба ҷои боварии комил дар дасту қалб танҳо умед дорӣ”. (Урсула Ле Гуин)

Дар лаҳзаҳои мушкили ҳаёт ва ҳар лаҳзаи дигар инсон ба беҳбудӣ умед мебандад ва қодир аст ҳама чизро тоқат кунад. Ё тақрибан ҳама чизро.
Аммо сад афсӯс, умед ёрест, ки ҳамроҳии он аз саъйи як инсон бастагӣ надорад, дақиқтараш, танҳо аз кӯшиши як нафар вобаста нест. Барои умед бастан бояд нуктаҳои зиёде ҳамоҳанг бошанд. Нуктаҳое, ки аз барор, аз омади кор бастагӣ доранд. Барор, яъне интихобе, ки на инсон ва на ягон махлуқи дигар надорад. Интихоби волидайну Ватан, чун ин дуро ҳамроҳи ҳаёт ба мо дар якҷоягӣ медиҳанд.

Ин ду чиз умедро наздик ё бекор мекунанд. Меҳру муҳаббат ва дастгирии волидайн роҳро то умед наздик намекунад, чун фактори дуюм метавонад садди роҳ шавад.

Мо ҳамеша худро ором карда, ба орзуҳои худ умед мебандем. Гоҳо ба ноумедиҳо нигоҳ накарда, кӯшиш мекунем дар дили бародарону хоҳарон, фарзандону наберагонамон низ тухми умедро бикорем.

Ин дар ҳолест, ки фаҳмиши ғайриамалӣ будани умедҳо бо зиёд шудани шумораи хушбинҳои мунтазири рӯёрӯӣ бо умеди хеш меафзояд.
Шояд онҳое, ки умедро бо соддагии мо рабт медиҳанд, ҳаққанд? Шояд, дар ҳақиқат ҳаргиз эҳсосе бо номи “умед” набудааст?

Шояд ҳам ин умеди вопасин, ки мегӯянд навбати маргаш пас аз ҳар чизи дигар аст, ҳазор сол қабл аз мо мурдааст; чун дар сарзамини тоҷикон нишоне аз он дида намешавад. Ба хусус дар солҳои охир, дар давраи “истиқлол”, хобу хаёле беш набудани умедҳо маълум шудааст. Дар айёми наслҳои аздастрафта, солҳои ноумедӣ, ғаму андуҳ.

Ман бештар бо Делфин ҳамфикрам, ки мегӯяд: “Умед худфиребист, аммо танҳо чизест, ки мо дорем; он даст ба даст гашта, номуси худро мефурӯшад; ин мавҷуди дурӯғинест, ки ба чашмҳо хок пошида, дар лаҳзаи аз ҳама лозимӣ моро тарк мекунад...”

Биёед, ба назар гирем, “таърих меомӯзад, ки чизеро намеомӯзад” ва ба Офаридгори мутаол бовар кунем, чун бовар ба Ӯ раҳоист аз ҳама бадиҳо, аз он ҷумла ҳамин умеди дурӯғини ҳамеша ноаёну номаълум.

Умеде, ки ҳар кас ба фоидаи худу ҳаммаслаконаш мехоҳанд ба ҷои нон, рӯшанӣ, гармӣ, дониш, фарҳанг, бовар, таҳаммул ва – аз ҳама муҳим – ба ҷои озодӣ ва шароити кор ба мо бифрӯшанд...

Алӣ МАСТОВ,
таҳлилгар


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
...андешае олист, Умед, ки дар дунёи инсон як фариштаи поки ва қувватбахш аст ба як сарчашмаи худфиреби табдил ёфтааст....
...фикр мекунам Шайх бисёр сарсухани хуб навиштааст барои шинохти фалсафаи вуҷуди (existentialism) ё ҳастии Тоҷики имруза ки дунёи худро болои илюзияҳо месозад ё ба истилоҳи баъзеҳо "хаёлпалов" мекунад ва вақтро дар фикру умедҳои бепоя сарф мекунад ...........
...хулоса ин бисёр ҳушдори саривақтист, ки ин маризиро бояд шинохт ки ба маризии умедвориҳои бебунёд гирифторем ва аз ин маризи баъзе дуздони хушбахтии мардум хуб истифода карда боз мардумро умедвортар мекунанд........

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!