Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:35

Лорд Вайверлӣ: Британияи Кабир ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад

27 июл 2011, 02:47

Дар Душанбе мулоқоти вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо намояндаи баландмақоми парлумони Британияи Кабир сурат гирифт.


Тавре ба «Озодагон» аз ин вазоратхона иттилоъ доданд, баъд аз зӯҳри 26-уми июл Ҳамрохон Зарифӣ райиси гурӯҳи парлумонии Британияи Кабир оид ба ОМ ва Тоҷикистон Лорд Вайверлиро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот сафири ин кишвар дар ҶТ Тревор Мур низ ширкат дошт. Аснои нишаст масоили ҳамкории минтақавӣ, авзои Афғонистон, рушди ҳамкориҳои иқтисодии судманд, ҷалби сармояи бритонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт. Қайд гардид,   ки бо ин ҳадаф дар нимсолаи аввали соли 2012 ҳамойиши муштараки тоҷирони тоҷик ва англис дар Душанбе баргузор мегардад ва ин чорабинӣ ҷиҳати рушду тақвияти ҳамкориҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Манбаъ афзуд, Лорд Вайверлӣ ба вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон оид ба баргузории як конфронси байнулмилалӣ, ки қарор аст моҳи ноябри соли равон бо ибтикори «Ditchley Foundation» оид ба масоили Осиёи Марказӣ дар Британияи Кабир доир шавад, маълумоти муфассал дод.

Гуфта мешавад, райиси гурӯҳи парлумонии Британияи Кабир оид ба ОМ ва Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба Душанбе ташриф овардааст. Ҳамзамон, мулоқоту вохӯриҳои Вайверлӣ бо роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатӣ, инчунин сарварони палатаҳои парлумони Тоҷикистон дар назар аст. Пас аз анҷоми дидору гуфтушунидҳо Лорд Вайверлӣ ба вилояти Суғд парвоз карда, аз минтақаи озоди иқтисодӣ дар ин минтақа дидан мекунад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!