Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:37

Баҳси "Тоҷирон" ва Воҳидова ба Додгоҳи олӣ расид

16 сентябр 2013, 14:33

Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти кассатсионии Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷикро, алайҳи ширкати «Тоҷирон» баррасӣ мекунад. Хонум Воҳидова дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, Додгоҳи олӣ шикояти кассатсионии ӯро қабул намуда, дар назар аст, 17-уми сентябр соати 10 баррасии он доир гардад.

Қаблан ширкати «Тоҷирон» аз болои Файзиннисо Воҳидова ва рӯзномаи “Имрӯз News” ба Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурда, аз Воҳидова 50 ҳазор сомонӣ ва аз нашрия 1 сомонӣ ҷуброн талаб карда буд. Эътирози ширкати «Тоҷирон» аз нашри матлабе бо номи "Мурдафурӯшӣ дар ширкати "Тоҷирон" (Имрӯз Нюс) аст, ки аз ҳодисаи садамаи автомашинаи боркашонии ҶДММ "Тоҷирон" ва автомашинаи сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нақл мекунад.

Додгоҳи иқтисодии Душанбе рӯзи 19-уми июли соли ҷорӣ хонум Воҳидоваро ҳамроҳ бо нашрияи “ИмрӯзNews” барои паст задани шаъну шарафи ширкати «Тоҷирон» айбдор карда, аввалиро ба пардохти 30 ҳазор ва дувумиро ба пардохти 1 сомонӣ ҷарима муваззаф намуд.

Файзиннисо Воҳидова, қаблан зимни суҳбат ба «Озодагон» иброз намуда буд, ки бо қарори Додгоҳи иқтисодии Душанбе розӣ нест ва аз рӯи он ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят мебарад: «Ширкати Тоҷирон ба хонаводаи раисиҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад ва ҳар як судя (додрас) бо фармони президент ба кор қабул мешавад. Бино бар ин, аз ин мурофиа адолати додгоҳиро интизор набудам ва медонистам, ки ҳалнома ба нафъи ҷониби даъвогар қабул мешавад.”

Ба гуфтаи Файзиннисо Воҳидова, мақомоти қонунгузорӣ ҷуброни маблағро барои барқарор намудани шаъну эътибори шахс ба шаҳрвандон пешбинӣ кардааст, на барои шахси ҳуқуқӣ, ки ширкати Тоҷирон ташкилоти тиҷоратист: "Ҳамчунин, Кодекси гражданӣ пешбинӣ намудааст, андозаи ҷуброн аввал одилона бояд бошад. Дуюм ин ки ба ҳеч ваҷҳ вазъи молии ҷониби дигарро паст накунад ва инчунин бо назардошти вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷавобгар андозаи зарар муайян карда мешавад”.

Ба таъкиди ҳуқуқдони тоҷик, додгоҳ дар бораи вазъи молии ӯ иттилое ҷамъ накарда ва аз ҷои кораш низ маълумотнома нагирифтаанд, ки маоши ӯ чӣ қадар аст ва оё имкони пардохти ҷуброни зарарро дорад, ё на.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Чопра

  • 16 сентябр 2013 15:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Имкони чуброна надорй, номаъкул карда макола менависй? Акнун рафта дар Точирон рахрубак мешй
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Чопра! Аз номи ба худ гузошаат, маълум ки мисли хамон Чопраи филмхои хинди, золиму хунхор мебоши. Агар зарур шавад, ин ту рафта мабразхонаи Точирон-ро мерубию мечини. Ман холо то ба ин сатх нафаромадаам ки хизматгори Точирон бошам. Ин Шумоен, ки хизматгори Точирону Фарозу дигару дигар шуда, дар бисотатон як халта орди захира надоред, аммо ба лаббайгуи ва хушомадгуи тайёр хастед. Агар зарур ояд Точирон омада хавлии маро мерубад.
Посух додан
  • Zebo

  • 16 сентябр 2013 18:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Neki muallima bob karded Khudo nigahbonaton boshad mo hama vaqat tarafi adolat astem
Посух додан
  • мухочир

  • 16 сентябр 2013 20:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
муалима барор!
Посух додан
  • FG

  • 17 сентябр 2013 15:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон, барои чи посухи маро ба Ф.Вохидова чоп накардед бо забони руси?Ё шумо низ яке аз шурандозоне, ки худро "адолатпарвар" мехисобед? Агар озод бошед, бояд ки озодона комментхои хонандагонро чоп кунед ва аз тарафдории баъзе адолатпарврхо,ки ба тухмат омодаанд, даст кашед!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!