Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:26

Ҳукумат пешниҳоди Саодат Амиршоеваро дастгирӣ накард

16 сентябр 2013, 14:54

Ҳукумати Тоҷикистон ба пешниҳоди Саодат Амиршоева, узви Маҷлиси Намояндагон, дар бораи ихроҷи муҳоҷироне, ки аз супоридани алимент ба фарзандони кӯчакашон сарпечӣ мекунанд, посухи рад додааст. Хонум Амиршоева чанде пештар дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, пешниҳод карда буд, мардони тоҷике, ки алименти фарзандони худро намесупоранд, бояд аз Русия ихроҷ карда шаванд.

“Аммо чанд рӯз пеш аз ҳукумат хулосае омад, ки ин пешниҳодро дастгирӣ намекунанд. Дар он гуфта шудааст, ин тағйиротро як бори дигар коркард карда, дар дигар шакл пешниҳод намоям, ҳарчанд, фикр мекунам, ҳамааш дуруст аст”,-гуфт Амиршоева дар сӯҳбат бо “Озодагон”. Ба қавли мусоҳиби мо, ҷониби ҳукумат дар номаи худ гуфтааст, аввал теъдоди мардоне, ки аз супоридани алимент сарпечӣ мекунанд, мушаххас ва сипас ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Саодат Аамиршоева афзуд, ин пешниҳоди ӯ ба нафъи модаронест, ки ба танҳоӣ фарзандони кӯчаки худро бузург мекунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, “падароне ҳастанд, ки зану фарзанди худро гузошта, ба муҳоҷират мераванд ва фарзандон аз муҳаббат ва дастгири молӣ аз тарафи падарон маҳрум мешаванд. Дар ҳар вохӯрӣ занҳо аз ман домангир мешуданд, ки Шумо вакил ва ҳуқуқшинос мебошед, аммо як намуди ҷавобгарӣ дар мавриди пардохт нашудани алимент ба фарзандон пешниҳод намекунед. Аммо барои чӣ ин пешниҳод пазируфта нашудааст, ҳайронам.”

Ба ҳар ҳол, ин вакили парлумон мегӯяд, пешниҳоди худро дубора бозбинӣ ва сипас варианти ниҳоияшро ба ҳукумати Тоҷикистон ироа хоҳад кард. Аз ин пештар, Саодат Амиршоева дар бораи манъи никоҳи хешутаборӣ пешниҳоде карда буд, ки ҳоло аз сӯи як гуруҳи корӣ мавриди омӯзиш қарор дорад ва ҳанӯз ҷавоби мусбат ва ё манфии онҳо то муаллиф нарасидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • олим

  • 16 сентябр 2013 15:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хар мох 5 000 сомони мохона гирифта бекор нишастану дар хафта як бор дад чаласа даст боло кардан сари баъзехоро вайрон мекардааст-дия!
Посух додан
  • Каримҷон

  • 16 сентябр 2013 15:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Паааааааҳ, и бадбахто да ами Ватан рузмон надодан ва дар ами гарибиам рузмон наметан. Бонен ами корои беаклитона, аз шумо ягон фоида набуд, нест ва намешавад барои мардуми гариби дарбадар.
Посух додан
  • Darvesh

  • 16 сентябр 2013 15:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Apai Saodat Aliment az hisobi maoshi davlati meshavad. Ya'ne agar padar dar davlati khud kore doshta boshad va yo dar davlati digare konuni kor kunad. I muhojironi mo karib hamash dar Russia Nelegaland chi khel Shumo aliment talab mekuned???? Dar asnodi kadom hujjat????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман бо он мардоне ки аз оилахои хеш бо сабабхои гуногуни зиндаги чудо шуданд гуфтани хастам алименташонро супоранд Зиндаги камихо ва зиёдихоро пешниход мекунад ба додагихои Худо шукр гуфтаанд лозим баъзе номардоне хастанд 4-5фарзанди хешро ятим мекунанд намешудани ки буд он хел зан дар якеш чавоб надод Ман тарафдори конун пешнихорд мекунам ки алимент нисбати баъзе номардхо ду маротибак зиёд шавад то якдигарфахми шавад Кормандон аз руи вичдон кор кунанд камам бошад мардуми нодоро ёрдам кунанд гуфтанихо дар ин боб бисёр.............
Посух додан
  • Мухочир

  • 16 сентябр 2013 23:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АЛБАТТА ПЕШНИХОДИ ИН ХОНУМ НОДУРУСТ АСТ.АЗ ИХРОЧ КАРДАНИ ОНХО АЗ РУССИЯ ЧИ СУД????БИГЗОР ИХРОЧ КУНАНД ВА ДАР ВАТАН БА ЧОИ КОРИ ДОИМИ ТАЪМИН КУНАНД ВА АЗ ХИСОБИ МАОШАШОН АЛИМЕНТРО СУПОРАНД.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!