Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:00

Русия беш аз 10 донишҷӯи тоҷикро депортатсия кардааст

16 сентябр 2013, 15:53

Мақомоти Русия беш аз 10 донишҷӯи тоҷикро, ки дар донишгоҳҳои ин кишвар машғули таҳсил буданд, ба далели нақзи қоидаҳои будубош ихроҷ кардаанд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ин гуруҳи донишҷӯён ба онҳо муроҷиат карда, хоҳиш намудаанд, ки ба мушкили онҳо расидагӣ шавад. Ба қавли манбаъ, айни ҳол роҳбарияти Хадамот бо мактуби расмӣ ба роҳбарияти Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия -- Константин Ромадановский муроҷиат кардааст, ки барои идомаи таҳсил ба Муҳаммад Соқиев, донишҷӯи бахши 4-уми Академияи давлатии ҷангалпарварии шаҳри Воронеж, Сиёвуш Раҳматов, донишҷӯи бахши 5-уми филиали Академияи гумруки ба номи В.Бобковаи шаҳри Санкт-Петербург, Муродалӣ Иноятов, донишҷӯи бахши 2-юми филиали Академияи гумруки Русия дар шаҳри Ростов, Саъдӣ Фатҳуллоев, донишҷӯи бахши 2-юми Коллеҷи энерҷии шаҳри Конаковаи вилояти Твер, Саид Ҳабибӣ, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи электротехникии шаҳри Санкт-Петербург ва дигарон иҷоза диҳанд.

Масъулони Хадамоти муҳоҷират мегӯянд, бовари доранд, раҳбарияти Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия барои ҳалли ин масъалаи муҳим мусоидат мекунанд. Бино ба иттилои манбаъ, айни замон донишҷӯён интизори ҷавоби мактуб буда, барои давом додани таҳсил дар ҳудуди ин кишвар омодагӣ мегиранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Салим

  • 16 сентябр 2013 16:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба русхо хонаву чои кору бустонсаро хадя кардан гиред ,онхо бошанд мардуми точикро аз каламрави Руссиё депорт кардан гиранд, ин аст барномаи бо чои кор таъмин кардани Хукумати Точикистон.
Посух додан
  • Чамик

  • 16 сентябр 2013 16:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кидахои будубошро риоя кунед-дия! Русия бе дарвоза нест!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!