Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:16

Боздошти писари Қозидавлат Қоимдодов дар фурудгоҳи Душанбе

16 сентябр 2013, 16:21

Қоимдод Қоимдодов, писари Қозидавлат Қоимдодов -- сафири Тоҷикистон дар Беларус субҳи 16-уми сентябри соли ҷорӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шудааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” як масъули гумрук дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар дода, афзуд, Қоимдодов дар ҳоле боздошт шуда, ки талош доштааст, тариқи хатсайри Душанбе-Маскав дуним кило ҳероинро интиқол бидиҳад.

Манбаъ афзуд, дар баробари Қоимдодов дастандаркорони дигари қочоқи мухаддирот низ боздошт шудаанд, аммо аз ифшои ҷузъиёти бештари қазия худдорӣ кард. Дар бораи писари Қозидавлат Қоимдодов иттилои кофӣ дар даст нест. Ҳарчанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи “Қоимдод Қоимдодов” саҳифаҳои мухталифе мавҷуданд, аммо кадоме аз онҳо дар бораи писари сафири Тоҷикистон дар Беларус будани ӯ дарак намедиҳанд.

Қозидавлат Қоимдодов аз моҳи октябри соли 2009 сафири Тоҷикистон дар Беларус мебошад. Дар соли 1992 муоивни раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва аз соли 1995 то 2000 вакили парлумон буд. Вай ба ҳайси ноиби нахуствазир ва ҳамоҳангсози барномаҳои Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон ва сафири кишвар дар Туркманистон низ кор кардааст.


Дар акс: Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларус ва падари Қоимдод


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Коимдодов хангоми амалиети мохи июль дар Бадахшон изхорот намуд ки ин грухи чинояткор ва наркабарон буда мардуми махал аз ин хо пуштибони намекунанд лекин Худованди бузург чунин кудрате дорад ки писарони Шуморам хору залил намояд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вэрод Козидавлат, ман ба ту гуфта будам ки бар зиди амшариёи худ изорот надех. Ана диди окибаташ чи суд? Мавло амаша нишон медихад, ки ки чи мекунад ва чи чавоб мегирад
Посух додан
  • Патриот_ча

  • 17 сентябр 2013 11:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дуругай....хами мардак як бача дошт дар макомоти гумрук кор мекард, касал шид хозир бошад инвалидай....соз бковен оли хаму бачаи Козидавлат нест
Посух додан
  • Қурбон

  • 17 сентябр 2013 11:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ами палавинаи героина ба аму мардакора бте, баъд ай точикистон хуй бху.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!