Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:02

Теъдоди китобҳои тақдимшуда ба 600 ҳазор нусха расид

27 июл 2011, 02:59

Ҳудуди 600 ҳазор китобу адабиёти илмӣ ва асарҳои мухталиф то имрӯз аз ҷониби 67 вазорату идораҳо, муассисаҳо ба китобхонаи миллии ҷумҳурӣ супорида шудааст.


Тибқи иттилои вазорати фарҳанг, ҷиҳати мукаммал гардонидани фонди китобхонаи мазкур, ки алъон сохтмонаш дар садади анҷомёбист, аз 27 майи соли 2011 тибқи супориши ҳукумати  ҷумҳурӣ эҳдои китобу адабиёт ба ин махзан идома дорад.
Ёдрас менамоем, китобхонаи  миллии ҷумҳурии Тоҷикистон  ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҳанӯз соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрӣ таъсис ёфта, баъди як сол ба истиқболи 1000-солагии устод Фирдавсӣ, муаллифи асари ҷаҳоншумули «Шоҳнома» бо исми ӯ номгузорӣ шудааст. Дар соли 1993 ба китобхонаи мазкур мақоми миллӣ дода шуда, фонди он баробар ба 3 миллион нусха китобу осори гаронбаҳост. Дар сурати ба бинои нав кӯчидани ин махзани маонӣ теъдоди китобу мусаввара ва осори илмии он ҳудуди 10-миллионро ташкил хоҳад дод.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!