Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:03

«Сурӯши Хуросон»-и Эрон дар меҳмонии хуҷандиҳо

27 июл 2011, 03:12

Имрӯз, 27-уми июли соли 2011 дар маркази вилояти Суғд намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалӣ зери унвони «Хуҷанд-2011» оғоз мегардад.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» ин чорабинӣ дар боғи фарҳангу фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки  ширкати «Сурӯши Хуросон»-и ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад. Дар намоишгоҳ - ярмарка намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳри Хуҷанд, сафорати ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва соҳибкорон иштирок мекунанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки меҳмонон аз ҷойҳои таърихии вилоят, аз ҷумла масҷиди Шайх Маслиҳатддин ва бозори «Панҷшанбе»-и маркази вилоят дидан  намоянд. Гуфта мешавад, ин маъракаи вижаи фарҳангӣ то поёни моҳи равон идома хоҳад кард.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!