Бахшҳо

“Ман ба Ҳизби иҷоранишинҳои Тоҷикистон пайвастам. Шумо чӣ?”

Дар арафаи интихоботи президентӣ аз таъсиси боз як ҳизб хабар расид. Дар сурати сабти ном шудан, шумори аҳзоби расмӣ ба як кам даҳ мерасад. Аммо агар нашавад, паҳлӯи «Тоҷикистони нав»-у «Ваҳдат»-у «Тараққиёт» иҷоранишин хоҳад шуд. Мисли аъзояш. Гап дар бораи ҳизби иҷоранишинҳо меравад.


Идеяи таъсиси Ҳизби иҷоранишинҳо дар майнаи бештари иҷоранишинҳо иҷоранишин буд. Аммо касе ҷуръати эълон карданашро надошт. Бархе аз он ки шояд хандахариши одамон мешаванд, қисме аз тарси он ки мақомот таъқибашон мекунанд, нафароне ҳам барои он ки то охири умр иҷоранишин боқӣ намонанд, аз эълони ин ҳизб худдорӣ мекраданд.

Аммо ахиран як иҷоранишини собиқадор ин идеяи иҷоранишинро бехона кард: он гуна, ки худашу худашбаринҳоро чандин бор дар сардиву гармӣ, торикиву равшанӣ аз хонаи иҷора берун кардаанд. Ба идеяи бечора на раҳм кард, на шафқат: ҳатму гирифту аз майнааш берунаш андохт, бо бору буғчааш.

Мисли Талабшоҳи Салом, ки аз тасмимаш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод, дили бисёри иҷоранишинҳо тар шуд. Ҳам онҳое, ки аз хандахариш шудан метарсиданд, ҳам онҳое, ки аз таъқиб ҳарос доштанд ва ҳам дигару дигарҳо оҳи сабук кашиданд. Чӣ гуна накашанд, вақте билохира он чиро, ки мехостанд, гуфта шуд. Ин мардаки хуб, яъне Талабшоҳи иҷоранишин навишт, ки “Бародарон! Чандест, ки андешае дар сарам чарх мезанад, вале дар танҳоӣ ба андешаи амиқе расида натавонистам ва маҷбур шудам ба шумо муроҷеъ шавам. Тасмими ман ин аст, ки Ҳизби квартирантони Тоҷикистонро созмон диҳам. Шумо чӣ мегӯед?"

Иҷоранишинҳо зуд ба “лайк" кардани ин навишта пардохтанду дасту остин барзада зераш шарҳҳо кориданд.

Қиёмиддин Авазов, як корбари Фейсбук навишт, ки “иҷоранишинҳои Русия ҳам ба ин ҳизб хоҳанд пайваст”. Аммо қонундонҳо гуфтанд, ки “қавонини кишвар узвияти хориҷиҳоро мамнуъ медонад” ва илова карданд: “қасди мо ҳалли машкили шаҳрвандони Тоҷикистон аст”. Дигарӣ гуфт: “Ҳизби мо воқеан, миллист, зеро ба ғайри тоҷик каси дигаре дар Ватани худ квартирант нест”.

Аммо зуд маълум шуд, ин идея дар баробари пуштибонҳои зиёд, мухолифин ҳам дорад (нишони демократия-да). Яке навишт, ки “Тоҷикистон кайҳо боз барои тоҷикон ба маскани квартирантӣ ва зодгоҳи муҳоҷирон табдил ёфтааст, Талабшо хобӣ ё бедор? Нав ақлат ба сарат зад?”

Аз он ки теъдоди иҷоранишинҳо хеле зиёд аст ва бештари онҳо дар аҳзоби дигар аъзоянд, аз ҷумла дар Ҳизби халқӣ-демократӣ шояд мақомот садди роҳ шаванд. Чун агар иҷоранишинҳо ба Ҳизби нав пайванданд, сафи ҲХДТ ба оҳистагӣ холӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки муассисони ҳизби нав мегӯянд, “мо ҳизби иҷтимоием, узви ҳизби сиёсии дигар будан ишколе надорад”.

Талабшоҳ маҷбур шуд баъди саволҳои зиёди корбарон ҳадафи ин ҳизбро ба хонандаҳо бифаҳмонад: “Мақсад бардоштани масъалаи иҷоранишинон аст. Ҳозир иҷорадиҳанда шоҳ асту табъаш вазир. Тавре хоҳад, ҳамон тавр рафтор мекунад. Ҳуқуқи иҷоранишинро кӣ ҳимоя мекунад? Баъдан чаро сатҳи зиндагӣ паст асту нархи иҷора ва манзил баланд?”

Чандин иҷоранишин аллакай барои омодагӣ аз таъсиси Кумитаи тадорукот хабар доданд. Ҳатто масъалаи ҷамъоварии имзо барои пешниҳод барои сабти ном қариб ҳал шуд. Аъзамшоҳ, навишт, ки ҷамъоварии 225 имзоро бар уҳда мегирад, чун ба қавли ӯ “дом”-ашон “пури квартирант” аст.

Баъзе иҷоранишинҳои ҳушёр зуд аз интихобот пурсиданд. Аммо боз посух ин буд, ки “дар интихоботи қарибулвуқуъ ҳаққи ширкат надорем. Дар интихоботҳои баъдӣ анҷуман тасмим мегирад”.

Баъзеҳо аз тақдири Зайд Саидов ёдоварӣ кардаанд, ки баъди эълони тасмимаш дар мавриди таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” пушти панҷара рафт. Аъзам Умаров, як корбар, низ гуфта, ки “ҳозир сабр кунед, интихобот гузарад, метарсам, ки боз...”. Иззат Амон ҳам бетараф набуд ва гуфт: “Талабшоҳе, ҳукумат рӯзи Шобарота бар саратон гардон накунад бо ҳизбсозитон”.

Як шарти аъзо шудан ба ин ҳизб иҷоранишин будан аст. “Квартира ба сифати партбилети мо хоҳад буд”,-эълон карданд муассисони ҳизб. “Ҳизбро таъсис бидихеду дар интихоботи парлумонии соли 2015 ширкат кунед. Боваратон бошад, ки ҳадди аққали курсиҳои вакилиро соҳиб мешавед (тахминан 33-39 мандат)”,-навишт як корбари дигар.

Чанд нафар барои ҳизб шиор ҳам гуфт: “Ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест” ё "Квартирантҳои ҳамаи Тоҷикистон як шавед"!

Он гуна, ки «гурусна нон хоб мебинад», 80 дар сади хобҳои иҷоранишинҳо дар мавриди соҳиби хона шудан аст ва тавре «камбағал ончиро зикр мекунад, ки фикр мекунад», бештарини маврид иҷоранишинҳо аз манзил суҳбат мекунанд. Бо ин пуле, ки дар Тоҷикистон кор мекунӣ 150 сол бояд нахӯрда, напушида соҳиби манзил шавӣ. Аз ин рӯ ман ба сафи ин ҳизб мепайвандам. Шумо чӣ?

А, иҷоранишин дар ҳар кӯчаву паскӯчаи Душанбе
Мӯҳр
саломат
Дар ахди шурави 85-90% коммунистон хама ичоранишин буданд, аммо дар замони демократия раисони шахру навохи хонахои зисти муваккатиро хусуси карданд. Аслан хамаи мо хатто Муродали Алимардону Амонулло Хукумов хам дар ин дунё ичоранишинанд, яъне рузи рафтан доранду дастгоху молиёташон сохибони дигар пайдо мекунанд. Аммо ин хизбро набояд ба кайд гирифт. Зеро чомеа мошинеро мемонад, ки тоби "резкий поворот"-ро надорад.

Мо аллакай як хизби ичоранишин дорем, хамон бас нест? Масалан ХСДТ. Хама мачлису анчуманхояшро дар толорхои ичорави мегузаронад ва хар вакт Хукумат онро аз ин толор ба он толор сур мекунаву сохибони ичора хам зуд аз додани ичора даст мекашанд. Аз бахри таъсиси хизби ичоранишинхо гузаред, ки боз аз хамон ичора хам махрум нашавед. Он гох мачбуред хизби оворахоро таъсис дихед. Ман хам ичоранишинам, вале ба хотири махрум нашудан аз ягона умед, яъне хонаи ичора ман ба Хизби Шумо намепайвандам.

ичоранишин
Ман ба ин ХИЗБ мепайвандам агар ташкил шавад рости 14 сол боз пул чам мекунам ки хона харам наметавонам то хол ичоранишинам чи илоч на замин медиханду на хонаи ба карз ин хукумати мо....

Рости, аз он ягон манфиате ба ичоранишинон хосил шавад, чаро напайвандему дастгириаш накунем. Аз пули ичора додану нози сохибхонаро бардоштан дар ин 12 сол як чи шудем охир...))))

Бехона
Ман сад дар сад тарафдори Талабшо хастам. Аъзои ХХДТ мебошам вале дар ичора мешинам. Дар хизби мо садхо нафар чунин ичорашинхо хастанд. Агар аз дасти хизби шумо ягон кор ояд, ХХДТ-ро монда ба ичорашинхо мепайвандам. Лекин медонам, ки то сохиби хукумат нашавед, ба ягон кас хона дода наметавонед.

ФИКРИ ОЛИЧАНОБ!! Хайр дар хама кор тарафдорону мукобилон хастанд, ки ин хело ХУБ мебошад. Мухим он, ки бетарафон кам бошанд. Умуман хар кадом хизб мебояд манфиатхои гурухеро ифода намояд, на чун хизбхои "оппозитсионие" дар мо вучуд дошта. Ин хизбакхо хамаро чазирбод карда мехоханд дар оби лойолуд мохи доранд, ки як навъи гуландози мебошаду хеч вакт ба манзили умед намерасад.
Лекин ачоиб фикре мухтарам Талабшох пешниход кардаанд. Дар асл хаммаи мавчудоти олам то зинда хастанд ичоранишини ин оламанд, лекин дар сурати акс метавон фахмид ки ин пешниход чиро такозо дорад. Шахсан ман тарафдор шуда метавонам. Биёед бародарон ОИННОМА-и ин хизбро пешниход намуда баъд онро тасдик намоему бо даровардани тагироту иловахо дастгирияш кунем. Шахсан ман пешниход менамоям, ки сараввал хаки аъзогии вуруд 50 сомони ва хармоха 10 сомониро ташкил дихад. Шумо чи фикр доред?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)