Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 29 март 2017, 17:11

Boeing ба иқтисоди Узбакистон сармоягузорӣ мекунад

17 сентябр 2013, 11:28

Ширкати ҳавопаймосозии “Boeing” то охири соли ҷорӣ дар Узбакистон маркази хидматрасонии техникии худро боз мекунад.

Б. Лопп, мудири амалиётҳои байналмилалии ширкати Boeing ба хабаргузории узбакии “Podrobno.uz” дар ин бора иттилоъ додааст.

Лопп гуфтааст, ин ширкат Узбакистонро дар Осиёи Марказӣ ҳамчун як шарики калидӣ меҳисобад ва ният дорад, дар оянда ҳамкории худро бо ин кишвар боз ҳам васеътар кунад.

Ба гуфтаи Лопп, дар ин маркази хидматрасонӣ таҷҳизоти мураккаби ҳавопаймоҳои Boeing таъмир хоҳад шуд. Инчунин он хидматрасонии ҳавопаймои навъи нави “Boeing-787 Dreamliner”-ро таъмин мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!