Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:51

Номзадии Саидҷаъфар Исмонов ва эътирози Раҷаби Мирзо

17 сентябр 2013, 11:35

Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) номзадии Саидҷаъфар Исмонов, раиси ин ҳизбро, ба мақоми президентӣ пешбарӣ кардааст. Ин тасмимро вакилони Анҷумани Ҳизби демократ рӯзи 17-уми сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе гирифтаанд.

45 вакили Анҷумани ҲДТ аз номзадии оқои Исмонов тарафдорӣ карда, як нафар зидди номзадии ӯ раъй додааст. Се нафар ҳам дар интихоби номзадии Саидҷаъфар Исмонов бетарафиро ихтиёр варзидаанд.

Аз ин пештар, Шӯрои сиёсии Ҳизби демократ номзадии Табаралӣ Зиёевро ба мақоми президентӣ дастгирӣ ва ба барномаи Анҷумани ҳизб пешниҳод карда буд. Аммо оқои Зиёев дар рӯзи Анҷуман номзадии худро пас гирифт ва гуфт, беҳтар аст, Саидҷаъфар Исмонов ҳамчун номзад дар интихоботи шашуми ноябр вориди рақобат шавад. Дар ин Анҷуман ҳамчунин номзадии Равшанҷон Аҳмадов ва Аҳмадшоҳи Комилзода матраҳ ва пешбарӣ шуд. Аммо худи онҳо номзадияшонро пас гирифта, ҳамагӣ аз Исмонов ҳимоят карданд.

Аммо ин тасмим бо мухолифати як гуруҳ аз аъзои Ҳизби демократ рӯбарӯ шуд. Аз ҷумла, Мамлакат Ҷайчиева, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, гуфт, ҳизбаш бояд дар интихобот бидуни номзад иштирок карда, аз номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ пуштибонӣ намояд. Дар ҳамин ҳол, Раҷаби Мирзо, як узви фаъоли Ҳизби демократ, аз шеваи баргузории Анҷумани ҳизбаш норозигӣ кард. Вай гуфт, танҳо шоми 16-уми сентябр дар бораи Анҷумани ҲДТ барои интихоботи президентӣ огоҳ шудааст. “Ҳизби демократ аъзо надорад, ячейка надорад. Дар даруни ҳизб он қадар масъалаҳое ҳаст, ки ҳанӯз ҳалли худро наёфтаанд. Одаме, ки натавонистааст масъалаҳои дохилиҳизбиро ҳал кунад, чигуна метавонад номзад бошад?”

Бо ин ҳама, Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки номзад ба мақоми президентӣ интихоб шуд ва қарор аст, дар интихоботи шашуми ноябр барои дарёфти курсии раёсати ҷумҳурӣ рақобат кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • а

  • 17 сентябр 2013 14:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин рафикон Чайчиева ва Рачаби Мирзо. шумо дар хакикат шахсони принсипнок будаед.
Посух додан
  • Максуд

  • 17 сентябр 2013 15:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин демократхо, махсусан рохбаронаш бо шумули Исмонову Рачабу Чайчиева чи кор карда истодаанд худашон намедонанд. Ягон максади мушаххас надоранд. Рачаби Мирзо интихоботи миёнадавриша "савдо" кард. Хизб ягон аъзои "мешудаги" надорад. Демократияро шарманда карда гаштиян. Чи даркор бозихои хандаовар, вакте бози карда наметонанд. Номзадашон пеш аз як калима гуфтан бо боло маслихат мекунанд. Бехтарин рох аз Эмомали Рахмон бо чону дил пуштибони кунанд, президент шавад мардак бо дар куча намемонад онхоро. Гапа росташ дия.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Р. Мирзо..хизбро пароканда накунед...созанда бошед..муттахид бошед...хизб нав ба по хест боз ба бухрон гирифтораш накунед..
Посух додан
  • tojik

  • 17 сентябр 2013 15:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
holo ma'lum nest ki intixob meshavad.na bobonazarova na digarash.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин ХДТ - ро тамоман бархам додан даркор!!!!! ман намефахмам ки чи даркор хамин хизба харвакт ба кайд гирифтан дар вазорати адлия. Ино хамаи аъзохошон кати чамъ шаванд ва якбор савол диханд, ки чи бехбуди кардаанд ба халк дар давоми хамин кадар соли фаъолияташон ин дуруяхо!!! ино худшон кати соз нестанд!!!!!! Як дам Рачабаш хее мега мо хизб месозем!!!! бо акиб мегурезад мебинад ки буи вазифа ё пулкоркуни нест бо изо накашида зид мебарояд. Э изо каш Рачаб ту кучову сиёсат кучо!!! о ту як сузан сохта наметони холи хизб обод кунит усу беста. Холиям барвакт аст хамин хизбора бархам додан даркор. Як хизб бас аст ва инам агар ХХДТ бошад!!!!!! Дигараш хамааш вайронкор ва дуруяхо мардума асабони када гаштиян. Барои халк ва ободони натанхо дар фикрашон нест балки фикр карданхам намехоханд
Посух додан
  • Демократ

  • 18 сентябр 2013 09:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саидчаъфар одами ХХДТ аст, уро барои алтернатива Вазорати адлия ба кайд гирифта хукумат барояш имзо чамъ мекунад, уро пешка кардаанд агар шавад печкааш гуфт, вале аз бас худаш инро хуб медонад барои хамин бояд гуям, ки у худашро пешка кардааст ва бечорагии одам дар хамин аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хизб аз давраи аввали ташкилшавиаш ба кашмокаши зиёд гирифтор шудааст. Гохе ин тараф гохе он тараф мекашандаш ва номи демократияро паст карданд. Холо насли дигаре пайдо шудааст, ки мехохад ин хизбро ба по бахезонад. Игвогарони пешин мисли Рачаби Мирзо мехост ин навбат хам рули ин хизбро ба ихтиёри худаш бигирад. Охир кариб хама ячейкахо дар нохияхо ба фаъолият сар кардаанд ва рохи нави хизбро муайян кардаанд. Вале Р. Мирзо мехост бо ду нафари дигар карори онхоро тагир дода, масирро ба тарафи хохиши худаш гардонад. Аммо ин кор нашуд. Бигзор хизб ба рохи интихобкардаи худаш равад. шунидам, ки игвогаронро аз рохбари пеш кардаанд, кори нагз шудааст.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!