Бахшҳо

Ойниҳол Бобоназарова: “Фарқи ман аз Раҳмон дар чист?”

Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), рӯзи 17-уми сентябр дар Анҷумани Ҳизби наҳзати исломӣ суханронӣ кард. Хонум Бобоназарова дар оғози суҳбаташ гуфт, агар касе фикр кунад, ки ӯ аз ин тасмими ИНИТ хушҳол аст, иштибоҳ мекунад.

“Пайвандонам мегӯянд, чи хел туи демократ бо исломиҳо пайвастӣ. Ман то рӯзи 9-уми сентябр хоҳиш доштам, ки масъалаи номзадии ман матраҳ нашавад”,-афзуд ӯ. Ойниҳол Бобоназарова дар идома дар бораи маҳдудияти озодиҳои динӣ ҳам суҳбат кард ва гуфт, “ман то ба имрӯз хиёнат накардаам ва ба касе хиёнат намекунам. Ман ҳатто ба душманонам хиёнат намекунам. Ман то ба имрӯз хилофи қонунҳои маҳдудкунандаи озодиҳои мазҳабӣ садо баланд кардаам. Барои дифоъ аз ҳуқуқи мазҳабӣ он Шӯрои уламо не, ҳамин сарлуч садо баланд кард.”

Бобоназарова гуфт, ҳадафаш аз ризоият барои иштирок дар интихоботи президентӣ мансабу мақом нест. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, “ИНИТ ба мардум пешниҳод кард, ки фикру ақидаҳои худро бигӯед. Ман агар пирӯз шавам, ман ҳамон супориши Шуморо иҷро мекунам, аз ин зиёд не. Фарқи ман аз Раҳмон дар чист: Ӯ дар қудрат 21 сол аст, ки ҳукмронӣ мекунад. 21 дарсаде, ки аз Раҳмон норозӣ мешаванд, ба ман зам мешаванд. Барои ман ҷанубу шарқу шимолу ғарб ҳеч фарқ надорад. Барои ман ҷомеа муҳим аст. Бисёриҳо мегӯянд, гӯиё гапе бо ҳукумат аст. Агар ман ғолиб шавам, ман қасдгир нестам. Ман ба пеш меравам. Чизе буд, гузашт. Нафаре, ки ҷанг мегӯяд, вай девона аст.”
Мӯҳр
Фалсафа
Бо ин суханхои пучатон дили интихобкунандагонатро намеёби. Ин фикру акидаи шумо барои касе лозим нест. Ин найрангхои шумо факат барои гирифтани курсии мансаб аст. Шояд шумо точикистонро аз байн баред. Мегуи ман касдгир нестам. Хозир президент ношуда аз президент мухтарам Эмомали Рахмон эрод гирифта истодаи баъд президент шуди намегири ки. Кори давлатдори осон нест, ки хар кас онро идора кунад.

Muhtarama Ойниҳол Бобоназарова фарки Шумо не ,,, фарки Рахмон аз Шумо аз замин то осмон аст ,,,,,,,, Шуморо бо конундониатон таъриф мекунанду халос,,, бо як конундони кор тамом намешавад ,,,

oo in zani komunist zindon shuda budastku.zindoni-'turemshik'-prezident meshavad?rahmonro ba xudat barobar nakun hargiz.

Сайрамбй
Ин кепка назебид. Мисли Гулрухсор калонтарашу пуш, бону!

Замир
Ойнихол Бобоназарова баъди ба макоми Президенти интихоб шуданаш бояд пеш аз хама коррупсияро дар макомотхои давлати бархам занад ва бо фармони худ мухлати президентиро аз 7-сол ба 4-сол оварда расонад.
Умуман дар Точикистон бояд як демократияи хакикиро оварад, то мардум назари худашонро бе тарсу харос баён карда тавонанд.

Муаллимаи мухтарам, ман Шуморо мешиносам, дар баъзе чаласахо бо Шумо иштирок намуда суханрониатонро шунидаам. Шумо дар хакикат хам адвокати шучоъ мебошед ва бо ин икдоматон бори дигар сохибкасб буданатонро нишон додед. Фикр мекунам, ки бо ин рафторатон мехохед ин «оппозитсионерхои» бемагзи Точикистонро САФЕД кунед. Лекин намешавад, мефахмидагихо ин рафтори «дуруст»-и Шуморо дар хакикат дарк менамоянд. Афсус, ки ин МАРДХО пушти Шумобаринхо истода бозикарданро нагз аз худ кардаанд. Аммо барои миллат ин лозим набуд. Хайхот.
Президент шуданатон ба ХУДО маълум, лекин илтимос хаминки фиребхурданатонро ба дурусти дарк намудед худро хайфи ин бозингаракхои бемагз накунед, боз хам илтимос!

Дар "Озоди"-хам хондам суханони ин бонуро. ба чуз МАН ягон харфи дигаре наёфтам. Инкадар ин бону худаша нагз медидаст. Ва чунон гап мезанад, ки шахс ангушти хайрат мегазад. варианти занонани Бобишо Шоев,,,, Ман хам ба "МАН"-и шумо "Овоз" медихам, чунки Мани Шумо аз манхои ман мании дигарон бо манаш фарк мекунад....... Боки сарбаланд бошед ва интихоби дуруст кунед!!!

Зане, ки аз якхел мард дардтар аст.

Ба фикри ман Бону Ойнихол Бобоназарова агар аз пушти вазифа медавид У дар соли 1992-1994 ба вазифаи муовини Прокурори генерали мерафт, ки ба У ин вазифаро тухфа кардан, агар ба ману Шумо ин фазифаро дар 100000 долар гуян давон давон мегирем,,, хуласи гап ин, ки ин бону ба гуфти лахчаи точики (занакора мардошай)

Чага,
durug nagu-in zan az 30-foizaast.soli 92-94-ba 30-foiza xurok nabud.soli 97-vazifashon dodan.lekin in zanro ne.

Фарқ дар он аст, ки ту худозада хасти, Раҳмон бошад назаркардаи АЛЛОҲ ва дустдори халқ ва фарзанди бономуси миллати тоҷикон мебошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)