Бахшҳо
17 сен 2013 13:04Тоҷикистон / Сиёсат

Академик Бухориев довталаби курсии президентӣ шуд

Вакилони Анҷумани Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 17-уми сентябр Толиббек Бухориеви 59-сола -- ноиби раиси ин ҳизбро номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон интихоб карданд. Аз 83 вакил ҳаштод нафар ба тарафдории академик Бухориев раъй дода, ӯро номзади худ эътироф намуданд.

Бухориев аз моҳи январи соли 2008 муовини Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошад. Вай зодаи ноҳияи Ванҷ буда, солҳои 1998-2001 ба ҳайси мудири кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрӣ ва солҳои 2001-2008 ҳамчун Директори генералии Донишкадаи илмию таҳқиқотии “Зироаткор” ба номи А.Н.Махсумов кор кардааст.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2006 таъсис ёфта, ҳоло ба гуфтаи масъулонаш 3 ҳазор узв дорад, бори дувум аст, ки бо номзади худ вориди сабқати интихоботи президентӣ мешавад. Дар интихоботи қаблӣ Амир Қароқулов, ки ҳоло узви Маҷлиси Намояндагон аст, бо Эмомалӣ Раҳмон вориди сабқат шуда, аммо раъйи кофӣ ба даст наоварда буд.

Бархе аз соҳибназарон ин ҳизбро ба унвони “ҳизби кисагӣ” мешиносанд, ки ба гуфтаи онҳо дар лаҳзаҳои мушкил барои ҳукумат бо номзадҳову пешниҳодҳояш “кумак мекунад”.
Мӯҳр
в
Бухориев айба намедони? Туро истифода бурда истодаанд.

Демократ
Аграрнико ачиб будаанд. Як нафареро пешниход мекунанд, ки касе намешиносад. Се хазор аъзо доштаст, лекин 210000 имзоро чи хел чамъ мекарда бошад. Дилам месузад, ба ин олими академики ношинос. Академик ягон кашфиёти бузург бояд дошта бошад. Кучо мерафта бошем...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)