Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:08

Эълони танаффус дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов

17 сентябр 2013, 14:51

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби “Тоҷикистони нав”, то рӯзи панҷшанбеи 19-уми сентябр танафус эълон шудааст.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, рӯзи 17-уми сентябр гуфт: “Дар мурофиаи навбатӣ ба пурсиши ҷабрдидаҳо идома дода шуд. Дар ин парванда 6 ҷабрдида бозпурсӣ мешавад ва ҳоло на ҳамаи онҳо пурсида шуданд. Аз ҳамин хотир дар мурофиаи оянда низ бозпурсии ҷабрдидаҳо идома меёбад. Баъд аз ин шоҳидон низ бояд бозпурсӣ шаванд.”

Қудратов мегӯяд, аз сабаби махфӣ будани парванда ҷузъиёти бештари онро ошкор карда наметавонад. Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав 12-уми сентябри соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфта буд.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуд. Мақомот ӯро дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам медонанд. Иттиҳомоте, ки Зайд Саидов ҳамаи онро рад кардаву худро бегуноҳ мешуморад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!