Бахшҳо

Хадамот дар бораи писари Қоимдодов: “Мӯйро аз хамир ҷудо накардаем”

Хадамоти гумруки Тоҷикистон то ҳоло муайян накардааст, миёни ду нафаре, ки рӯзи 16-уми сентябр ба гумони қочоқи маводи мухаддир дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуданд, писари Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларус низ ҳаст, ё на.

Нурулло Шарифов, як масъули дафтари матбуоти Хадамоти гумрук ба “Озодагон” гуфт, ҳанӯз дар ин замина тафтишот идома дорад ва даст доштани Қоимдод Қоимдодов дар интиқоли маводи мухаддир дақиқ нашудааст. Вай афзуд, “воқеан, дирӯз 2 нафар аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук дар фурудгоҳи Душанбе бо 2,5 кило ҳероин боздошт шуданд. Дар назар аст, имрӯз то бегоҳ тафтишот сари ин масъала ба анҷом рассад. Баъд аз муайян шудан расман маълумот медиҳем, ки дар интиқоли маводи мухаддир киҳо даст доштаанд.”

Рӯзи душанбеи 16-уми сентябр як масъули гумрук дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар дод, ки Қоимдод Қоимдодов, писари Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларус дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шудааст. Ба қавли манбаъ, Қоимдодов дар ҳоле боздошт шуда, ки талош доштааст, тариқи хатсайри Душанбе-Маскав дуним кило ҳероинро интиқол бидиҳад.

Манбаъ иброз намуда буд, ки дар баробари Қоимдодов дастандаркорони дигари қочоқи мухаддирот низ боздошт шудаанд, аммо аз ифшои ҷузъиёти бештари қазия худдорӣ кард. Дар бораи писари Қозидавлат Қоимдодов иттилои кофӣ дар даст нест. Ҳарчанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи “Қоимдод Қоимдодов” саҳифаҳои мухталифе мавҷуданд, аммо кадоме аз онҳо дар бораи писари сафири Тоҷикистон дар Беларус будани ӯ дарак намедиҳанд.

Талоши мо барои дақиқ кардани боздошти писари Қозидавлат Қоимдодов аз сӯи сафорати Тоҷикистон бенатиҷа буд. Вале рӯзи 17-уми сентябр баъзе аз расонаҳо навиштанд, гӯиё Қоимдодов барои озод кардани писараш ба Душанбе омадааст. Иттилое, ки ҳанӯз расман аз сӯи сафорат тасдиқ нашудааст.

Қозидавлат Қоимдодов аз моҳи октябри соли 2009 сафири Тоҷикистон дар Беларус мебошад. Дар соли 1992 муоивни раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва аз соли 1995 то 2000 вакили парлумон буд. Вай ба ҳайси ноиби нахуствазир ва ҳамоҳангсози барномаҳои Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон ва сафири кишвар дар Туркманистон низ кор кардааст.


Дар акс: Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларус ва падари Қоимдод Қоимдодов
Мӯҳр
Муборакшо
Писари мансабдор хеч вакт гунох намекунад. Ин 2,5 килоро ба гардани ягон бечора занеду чонатонро халос кунед. Мегун, ки сафир Коимдодов барои халос кардани писараш омадааст. Гумрукчиён хато кардаанд. Пас онхоро аз кор пеш кунед.

Чопра
Ин хамин бисёр каиш аст. Муйро каз он чудо кардан насибатон намешавад.

Човандоз
Аз хамин мардаки хуб боварам намеояд, ки фарзанди гершик барояд.

Чопра
Фарзанди воломаком, ки хаст, гумрук хатояшро эътироф мекунад. Хонаи кадом камбаfале сухт гуед.

Хайрият ки онхоро дар Москва дастгир накарданд,боз ягон самалёти Россияро дар Точикистон дастгир мекарданду ва вой бар холи мухочирони точик.(Агар исбот шавад,ки дар хакикат писари номбурда будааст)

Мумкин хато шуда бошад,ки писари номбурда аст.Дурустар тафтиш кунед ,мумкин писари Зайд бошад.

Бекор
Аз рӯи хабари Озодӣ, он ду нафар яке писар ва дигарӣ келини Қоимдодованд.

КОМРОНШОХ ВАНЧ
КОИМДОДОВХРО ЧИ НАМЕРАСИД КИ БА ИН КОРИ ХАРРОМ ДАСТ ЗАДА БОШАНД ШУКРОНАИ ДАВРУ ЗАМОН НАМЕКУНИ КИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ ШУМО ХАМА ШАРОИТХОРО ДОД

Рачабали
КОРИ ХИРС ТАМОМ!!

Хаким
"муй" аз тори бурути ки ба хамир уфтода, онро донед шуд)))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)