Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:52

ҲХДТ Ойниҳол Бобоназароваро “рақиби қавӣ” надонист

18 сентябр 2013, 09:26

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон мегӯяд, дар симои Ойниҳол Бобоназарова -- номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки дар ҳоли ҳозир аз ҷумлаи номзадҳои намоён дониста мешавад, рақиби нерӯмандеро намебинад.

Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ, ба “Озодагон” гуфт, сокинони Тоҷикистон ҳанӯз ба раҳбарии зан дар кишвар одат накардаанд ва аз эҳтимол дур аст, ки онҳо Бобоназароваро ба ҳайси сарвари кишвар интихоб намоянд. Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ, “Ойниҳол Бобоназарова шахси маълуму машҳур ва арзанда нест. Он иттилое, ки дар бораи ӯ ҳаст, ҳанӯз барои як сарвар шудан кифоят намекунад. Инчунин, сиёсати Тоҷикистон чеҳраи занона нагирифтааст. Ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, амре барои мансуб кардани занон ба муовинати раҳбарони идораҳои давлатӣ содир намуда буд.”

Бо ин ҳол, Усмон Солеҳ интихоб шудан ва ё нашудани Ойниҳол Бобоназароваро ба иродаи сокинон вогузошт. Мусоҳиби мо гуфт, худи онҳо ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки бо чӣ касе вориди корзори интихоботӣ хоҳанд шуд.

Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон рӯзи чоруми октябр, дуруст, як рӯз пештар аз ҷашни зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари ин ҳизб ва раисиҷумҳури Тоҷикистон, баргузор мешавад. Усмон Солеҳ мегӯяд, то ҳол ҷои баргузории анҷумани онҳо дақиқ нест. Вале ба гуфтаи ӯ, дар ин анҷуман тақрибан 1000 вакил иштирок ва дар он номзади ҳизбро интихоб ва ба мақоми президентӣ пешбарӣ хоҳанд кард. То кунун Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲХДТ, ба ҳайси номзади ин ҳизб дар се интихоботи президентӣ иштирок ва баранда шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ИНТИХОББЕЗОР

  • 18 сентябр 2013 11:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЯГОН МАЙДА ФИКРИ ДИГАР НАКУНЕН С ДНЁМ РОЖДЕНИЯ БОЗ НОМЗАДИИ РАХМОНРО ХХДТ ПЕШНИХОД МЕКУНАД. ЗИНДА БОШЕМ МЕБИНЕМ БОЗ ХАМИН МАРДАК МЕГУЗАРАД. ВАЗЪ ХАЧУНИН БОКИ МЕМОНА. ХУДО ТЕНЧИРА БТА....
Посух додан
  • Мачнун

  • 18 сентябр 2013 12:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале рост гуфти дустам..! Боз хамон гуломии точикону бебаркии шахрвандон, дар айшу ишрат мондани мансабдорон азоби халки мазлум дидаи точикон... боки мемонад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЗИНДА БОД ! ЧАНОБИ ОЛИ, Э.РАХМОН. ФАРЗАНДИ БО ОРУ НОМУСИ ВАТАН, МО БО ШУМОЕМ !!
Посух додан
  • мв

  • 18 сентябр 2013 14:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зинда бош Бобоназарова ИншоАллох пируз мешавед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И Бобоназароваи шумоя багайри хами шахри Душанбе дига дар ягончо намешиносан, так что зури бехуда назанееееееее....
Посух додан
  • tojik

  • 18 сентябр 2013 17:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
holo ma'lum nest ki in zan az komisiya meguzarad yo ne.ba fikram geografiyaash xub nest in bibiyamonro.
Посух додан
  • саид

  • 18 сентябр 2013 21:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман бовари дорам ки ин зан сад хазор бор бехтарай аз рузи рахмонов сари кудрат омад хама мухочиру гуломи дигарон шуданд боз дигарон шарм нокарда ин таъриф мекунанд дигар чизе мехохам бигуям инаст ки бародароне ки дар ин сайт кор мекунед чаро чандибор мешавад нашитачоти моро дар сомонаатон намегузоред шумо хамигуна озодагон номдоред ё ки аз ин хукуматдорон метарсе
Посух додан
  • Хакбин.

  • 24 сентябр 2013 07:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар масъулими ХХДТ ин хонум Бобоназароваро ракиби кави нахисобанд пас чаро ранги занхо рафтор карда истодаанд? Маълум.ки дасту дилашону узви баданашон ларзида истодааст. Агар ракиби кави намехисобед бигзор фишорхоро камтар кунед озмдиву шафошиву димукратиатонро нишон дихед охир. Аз сояи ин хонум шумо тарсида истодаен.
Посух додан
  • Евон

  • 13 октябр 2013 07:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ва салому иан табиалхудоРост гуфи бродар ин хкумат захраш кафидаст дар пояш ларза аст худо ин халкро як фахму идрок дихад ки хакро аз ботил фарк кунад худо хамамонро ба рохи рос хидояи кунад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
барои чи хама Эмомали Рахмонро бад мебинед? Ин фирор кардани мардуми точик аз эмомали рахмон вобаста нест! Шумо худ намедонед ки точикистон давлати хукукбунёд, демократи.... Ва хока3о ин маънои онро дорад ки чомеа чомеаи озод аст! Ин Бобоназароваи шумо да вакти чанги шахрванди дар точикистон рух додааст, тарафдори кадом опазитсия буд? Як фикр кунетон мардуми точик! ЗИНДА БОД ЭМОМАЛИ РАХМОН!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!