Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:12

Муаррифии номзади ислоҳотхоҳон тариқи телевизионҳои давлатӣ

18 сентябр 2013, 09:46

Шабакаҳои давлатии Тоҷикистон номзадҳои пешниҳодшуда ба мақоми президентӣ дар интихоботи моҳи ноябрро расман муаррифӣ карданд.

Шоми 17 ба 18-уми сентябр се номзади пешниҳодшуда аз тарафи аҳзоби сиёсии кишвар, бахусус номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикитсон (ИНИТ) Ойниҳол Бобоназарова тавассути барномаҳои вижаи телевизионҳои давлатӣ муаррифӣ гардиданд.

Дар барномаҳои мазкур, ки бо забони русию тоҷикӣ пахш мешуданд, суханҳо бештар атрофи шахсият ва тарҷумаи ҳоли номзадҳо шунида мешуд. Инчунин, наворҳое аз ҷараёни анҷумани аҳзоб барои интихоби номзад намиш дода шуд, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори шинохтаву дигарон ҳам тасвир ёфта буданд.

То кунун се номзад аз омодагии худ барои рақобат ба курсии президентӣ дар интихоботи 6-уми ноябри соли ҷорӣ хабар додаанд. Ин се номзад Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз ИНИТ, Толиббек Бухориев, муовини раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон мебошанд.


Муаррифии номзади ислоҳотхоҳон тариқи телевизионҳои давлатӣ

Муаррифии номзади ислоҳотхоҳон тариқи телевизионҳои давлатӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бинандаи хушманд агар ахамият дода бошад дар навори муаррифии Хонум Раиси Чумхур Ойнихол Бобоназарова ва рафти чаласаи ХНИТ танхо чавонони ришдор, занхои фаранчипуш ва симохои ба "ифротгароён" монандбударо намоиш доданд. Ва хамчунин кайд карданд, ки Хонум Раиси Чумхур Ойнихол Бобоназарова Директори Фонди СОРОС будааст.
Посух додан
  • Интихобкунанда

  • 18 сентябр 2013 14:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Магар ту ва Сайчаъфар Исмонов худатонро аз Устод Кабири ва Устод Зоиров зираку доно мехисобед? онхоро чи дар дохил ва чи дар хорич мухлисони зиёде доранд ва аз онхо такозо карданд ки номзадияшонро гузоранд, лекин онхо медонистанд ки вазъият мувофик нест барои хамон аз номзадии як хукукдон чогибдори карданд!
Посух додан
  • Ислохотхох

  • 18 сентябр 2013 20:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ойнихол Бобоназароваро номзад аз ХНИТ муаррифи карданад на аз ИНИТ.Шояд аз тарс бошад?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!