Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:01

Паёми аудиоии Қувватов: “Истирдоди ман хаёли хоме беш нест”

18 сентябр 2013, 10:30

Умаралӣ Қувватов, раҳбари боздоштшудаи “Гуруҳи 24”, дар як паёми савтӣ ё аудиоӣ гуфтааст, истирдоди ӯ аз Дубай ба Тоҷикистон хаёли хоме беш нест. Ин паёми садоии ӯро Николай Николаев, ки ҳамчун вакили мудофеи Умаралӣ Қувватов шинохта мешавад, дар саҳифаи Фейсбукаш ҷой додааст.

Оқои Қувватов дар ин паёми худ гуфта, то кунун бархе аз кишварҳо барояш пешниҳод додаанд, ки ба ҳайси паноҳанда мепазиранд, агар аз сиёсат даст бардорад. Аммо ӯ мегӯяд, ин ҳама пешниҳодҳоро рад кардааст ва талошаш бар ин аст, ки мардуми худро хушбахту озод бубинад.

Умаралӣ Қувватов мегӯяд, дар ҳар сурат, ӯро аз боздошт раҳо хоҳанд кард ва ӯ ба ин эътимоди бештар дорад. Ӯ дар ин паёми худ дар бораи Николай Николаев ҳам суҳбат карда ва ӯро аз ҷумлаи дӯстони муҳимаш хондааст.

ПАЁМИ АУДИОИИ ҚУВВАТОВ

Умаралӣ Қувватов тобистони соли гузашта дар Маскав “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дода ва аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, то дар интихоботи президентӣ номзадиашро нагузорад. Қувватов, шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши сӯзишвории Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Баъд аз таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба дуздии 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрел ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдааст. Дар мавриди қарори додгоҳи таҷдиди назар, ки 18-уми август дар назар буд, айни ҳол иттилои зидду нақиз дода мешаванд, аммо худи Қувватов онро рад мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Азиз

  • 18 сентябр 2013 11:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Умарали ай суратат маълумайки дар ин чанд вакти дар махбас буданат пиршудаи ба фикрам сину солат ай хами Окил Окилуфам гузаштаги.
Посух додан
  • hisor

  • 18 сентябр 2013 18:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
saru muyashro rang karda megasht.dar dubai baroi mard rang kardan harom ast az rui islom.fakat baroi zangiri ijozat ast.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!