Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:48

Ҷавоби Тӯраҷонзода ба саволи як хонанда дар бораи "дискоклуб"

18 сентябр 2013, 10:51

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонҳои Тоҷикистон, рафтан ба марказҳои дилхушӣ (дискоклуб)-ро барои мусулмонон ҳаром хондааст.

Оқои Тӯраҷонзода дар посух ба суоли яке аз корбарони торнамои Turajon.оrg гуфтааст, рафтан ба чунин ҷойҳо (дискоклуб) барои шахси мусалмон агарчи ба мақсади тамошо ҳам бошад, ҳаром аст.

Зеро ба гуфтаи собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон, одатан дар марказҳои дилхушӣ ба амалҳои аз нигоҳи Ислом мамнуъ даст зада мешавад: “Чунин ҷойҳо одатан аз амалҳои ҳаром мисли арақнӯшӣ, рақси духтарону писарон ва ғайра холӣ намебошад.”

Ин дар ҳолест, ки ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва Рустам Назаров, роҳбари Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон низ аз ҳолатҳои алоҳидаи рафторҳои номатлубу ғайриахлоқии иддае аз ҷавонон дар марказҳои дилхушию фароғатӣ изҳори нигаронӣ карда буданд.
Генерал Назаров гуфта буд, сарусадоҳои зиёд дар мавриди итифодаи маводҳои психотропӣ дар марказҳои дилхушӣ ҳақиқат доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
акнун маълум чи гуна демократия месозанд ин козихо..факат барои худашон кайфкарданро медонанд...эх асри миёна
Посух додан
  • ж

  • 18 сентябр 2013 11:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рост меган муллохо. Ба дискоклуб майзадахо, наркоманхо ва фохишахо мераванд.
Посух додан
  • Sado

  • 18 сентябр 2013 12:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Serg samara rut siyoh naxod demokratiya gufta farmudahoi xudoro peshi po zani va kinoya kuni ki "asri miyona".. Ammo bexabari ki tu xud dar asru zamoni johiliya qaror dori.
Посух додан
  • Бокй

  • 18 сентябр 2013 13:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Турачон нисбати он муллохое, ки дар хона ва дигар чойхои чамъиятй зино мекунанд, чй мегуфта бошад?! Корхои муллои Лучобиро, ки навораш дар дунё пахн шуд, дар назар дорам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
садо гами худатонро хуред..ман худам дар назди парвадигор чавоб мегум..ба ман адвокатии турачонзодахо даркор не..ваё худашонро аз дузах озод кунанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом.Касоне ки дар ин масъала зидди фатвои Хочи Акбар Турачонзода харф мезанед,ин зиддияти шумо ба ИСЛОМ аст!! Маълум ки шумо розиед хохару духтарон хатто модаронатон ба ин чойхои харом раванд!? Ба "Боки" гуфтаниам ки он зинокорро ту аз муло фарк накуни айби дигарон чи??!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
субхон//турачонзода ислом нест..ва бар зидди у баромад куни маънои ба мукобили ислом баромад карданро надорад...хамаатон инсони гунахгор хастед. ..бо руи пушида чи харомихое карда истодаанд...Ислом аз мусулмонон аст...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Серж. Салом. Авалан ин фатворо чаноби Х.Акбар бо истифода аз далелхои ИСЛОМИ содир кардааст! Ман олими ИСЛОМ нестам(афсус)вале касам ба АЛЛОХи БУЗУРГ мехурам ки ин чойхо,ва рафтан ба ончо ва пули он чо харом хаст! Ту хамаро"гунахкор"мегуи чи худат фаришта хасти?АЗ АЛЛОХ ТАРС....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!