Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:33

Беш аз 197 кило нашъа дар агентӣ сӯзонида шуд

27 июл 2011, 04:10

Ҳудуди 198 кило маводи мухаддир имрӯз дар агентии назорати маводи нашъаовар ба оташ партофта шуд.


Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз  агентии мазкур иттилоъ доданд, ин миқдор нашъа дар асоси 34 парвандаи ҷиноятие сӯзонида шуд, ки барои нобудсозии онҳо ҳукми суд содир ва ба иҷро даромадааст.  Чун анъана маросими ба оташ кашидани маводи нашъовар бо ҳузури комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти судӣ, намояндагони воситаҳои ахбори ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.  Аз 197 кило мухаддироте, ки ба коми оташ рафт, 11 килову 638,8 грамашро ҳероин, 54 килову 0,89,9 грамм афюн ва 109 килову 608 грамми боқимондаро маводи нашъадори гурӯҳи канабис ташкил медод.

Маврид ба ёдоварист, ки аз замони таъсиси агентӣ то ба ин дам дар ин ниҳод бештар аз 13,5 тонна воситаҳои нашъаовар аз роҳи сӯзонида нобуд карда шуданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!