Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:05

Туркманистон: Мардумро аз имтиёзҳо маҳрум мекунанд

18 сентябр 2013, 13:49

Раҳбарияти Туркманистон имтиёз ва авлавиятҳо, аз қабили таъмини ройгони гази табиӣ, неруи барқ ва сӯзишвории нақлиётро тадриҷан барҳам медиҳад.

Бо қарори вазоратхонаҳои дахлдор истифодаи ҳаҷми имтиёзи моҳонаи барқ ва гази табиӣ шадидан назорат мегардад. Гуфта мешавад, сабаби ин тасмим дар он аст, ки солҳои ахир мушоҳида мешавад, мизони истифодаи барқу газ афзоиш ёфта, дар анҷоми тавофуқот назди шарикони ҳориҷӣ ҷиҳати интиқоли неруи барқ мушкилӣ пеш омадааст. Дар робита шуруъ аз 15-уми июли соли равон меъёри ройгони неруи барқ аз 35 то 25 кВт дар як моҳ барои як нафар поин шудааст. Ҳаҷми интиқоли гази ройгон низ ҳамчунин коҳиш ёфтааст.

Авохири моҳи июл ширкатҳои давлатии «Туркменгаз» ва «Туркменэнерго» дастури насби ҳисобкунакҳоро дода, амр шудааст, ки давоми як моҳ дар манзили ҳамаи сокинон ҳисобкунак насб гардад. Арзиши як ҳисобкунаки барқӣ 300 манат, муодили 105 доллари амрикоӣ будааст.

Бино ба харбарҳо дар бархе минтақаҳои Туркманистон мақомоти маҳаллӣ дастури хомӯш кардани интиқоли барқро додаанд. Моҳҳои июл ва август дар вилояти Дашоуз неруи барқро дар як ҳафта се маротиба аз соати 21:00 то 6:00-и субҳ қатъ кардаанд.

Моҳи марти соли 2012 ҳукумати Туркманистон тақсими варақаҳои дарёфти ройгони бензин ва сузишвории боркашҳоро манъ кард. Ҳамчунин гуфта мешавад, парлумони Туркманистон дар пайи таҳияи лоиҳаи қонунест, ки манъи додани сузишворӣ ба ронандаҳои мошинҳои шахсиро дар назар дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!