Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:34

Ҷасади муҳоҷиреро, ки аз тири ниқобпӯшон кушта шуд, ба Ватан оварданд

18 сентябр 2013, 15:06

Ҷасади Мусалламшоҳ Давлатов, муҳоҷири 28-солаи тоҷикро, ки аз тарафи афроди ниқобпӯш дар вилояти Маскави Русия кушта шуда буд, 18-уми сентябр ба ватан оварданд.

Дар ин бора намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” хабар дода, гуфт, ин ниҳод ҳамлаи хунин ба муҳоҷирони кории тоҷикро дар вилояти Маскав таҳти назорати худ қарор додааст. Рӯзи 16-уми сентябр як гуруҳи шашнафараи мусаллаҳи ниқобпӯш ба муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар ширкати чӯбу тахтабарорӣ дар вилояти Маскави Русия машғул ба кор будаанд, ҳамла намудаанд.

Ин ниқобпӯшон ҳангоми ворид шудан ба коргоҳ ба тарафи муҳоҷирони тоҷик, ки аз шарри онҳо мехостанд, ҷое паноҳ баранд, аз силоҳи навъи “Сочма” ба тарафашон оташ кушодаанд.

Бар асари ин ҳамлаи хунин Мусалламшоҳ Давлатов, сокини деҳаи Ғиҷовасти ноҳияи Ванҷ ба ҳалокат расида, Умед Назрибеков, сокини 34-солаи шаҳраки Рохарвни ин ноҳия ва як шаҳрванди Узбакистону як сокини муқимӣ ҷароҳат бардоштаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо рахмат кунад! Ба хонаводаш сабри чамил хохонам!
Посух додан
  • мухочир

  • 18 сентябр 2013 16:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
худо рахматш кунд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дустонам, мо мардуми точик худро сохиби фарханги гани мегуем, хама чо сар боло мекунем, ки тавоноем, аммо хар руз бародарони моро мекушанду меоранд. Дар чавоб хомушем. Чи шумо метарсед, мехаросед? То кай онхо моро мекушанд? То кай?
Посух додан
  • 777

  • 18 сентябр 2013 19:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон, ман магар гунахкорам, ки фикру мулохизаамро нашр намекунед. Кани сафорати Точикистон, чаро Шахрванди Чумхурии Точикистон кушта шудааст, ин мансабдорон хомушанд. Достиев шумо зинда хастед, шарм меояд, рузи мурданатонро фикр кунед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Магар точикистон сохиб дора ин чи гуна беадолатист Эмомали Рахмонов ту чи гуна кафили халки чи гуна призденти хар мохе нест ки чавони точикро накушанд чиба якбор овоз баланд намекунанд як рус мирад то призденту парламенташ мехезад чаро хазорхо точикро мекушанд шумо хомушед ба чои хамин худро падару модари хамин чавонро садхо чавони хору зоро монед як фикр кунед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд рахматашкунад. Иншоаллох шахид шудааст. Вой бар холи падару модар зану фарзандаш, Худованд сабри чамил ато фармояд. Аммо чавоби ин хама мухочирони кушташударо ки медихад? Ки инхоро мухочир кард? Иншоалох дар на3ди Худо чавоб хоханд дод. Хамаашон.!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хирсу гургу шагол якчоя дар чангали анбухи Россия зиндаги мекардаанд ва якчоя шикор. Рузе хирс мегуяд, ки дар оянда мо хар яке дар алохидаги шикор мекунем то бубинем, ки ки чи гуна шикор мекунад.
Шикор чанд руз дар танхои идома меёбад. Рузи сеюм гург бо дасту пои шикаста ва чарохати вазнин бармегардад. Аз у мепурсанд ба ту чи шуд?
Гург посух медихад, ки у ду шаб болои хам ба як рамаи чупон хучум карда чанд барраро шикор карда буд. Рузи дигар чупон гум шудани баррахоро фахмида, камин мегирад ва маро дастгир карда ба чунин холат расонид. Базур худро халос карда гурехтам ва зинда мондам.
Рузи чорум шагол хам бо дасту пои шикаста ва манахи баста ба хона бармегардад. Хирс мепурсад:
-Ба ту чи шуд?
Шагол мегуяд:
-Ман чанд шаб ба чк мургхона хучум кардам. Сохиби мургхо хам кам шудани мургхояшро фахмида ба ман дом мондааст ва ман ба он дом афтода ба чунин хол гирифтор шудам.
Шаголу рубох аз Хирс мепурсанд:
- Ту чи гуна шикор мекуни, ки ба ту осебе намерасад?
Хирс мегуяд:
- Ман хар шаб яктои точик шикор мекунам. Точик бесохиб аст ва касе онхоро хисоб намекунад wink

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!