Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:34

Овозаи табдил шудани як духтари 19-сола ба писар дар Панҷ

18 сентябр 2013, 14:21

Овозаи табдили як духтари 19-сола ба писар дар хоҷагии Малинкови ноҳияи Панҷ садҳо сокини ин минтақаро ба ҳайрат гузоштааст. Чанде аз сокинони Панҷ бо “Озодагон” тамос гирифтаву гуфтанд, ин ҳодиса ҳанӯз ду моҳи қабл, дар шаби Қадр, иттифоқ уфтода, вале ин духтар аз шарм то ҳоло худро пинҳон медоштааст.

Муҳаммаднабӣ Баёнов, як сокини ноҳияи Панҷ, ки аз ин ҳодиса огоҳ аст, ба “Озодагон” гуфт, ҳоло нафарони зиёде ба дидани ӯ мераванд.

Мусоҳиби мо илова намуд, рӯзи 18-уми сентябр бо иштироки баъзе рӯҳониён дар хонаи ин духтар мавлуд баргузор шудааст: “Бовар кунед, ин воқеият аст. Аз беморхонаи ноҳия, Вазорати тандурустӣ, милисаҳои ноҳия, чанд тан аз домуллоҳои номдор омада, диданд ва воқеият будани онро тасдиқ намуданд. Экспертиза ва духтурон тасдиқ кардаанд, ки ӯ писар аст. Рӯҳониён гуфтанд, Худованд чунин қудратро дорад ва дар Қуръони карим ба вуқуъ омадани чунин ҳодиса гуфта шудааст.”

Ба қавли Баёнов, духтаре, ки ба писар табдил ёфтааст, сатр дошта ва намозхону Қуръонхон будааст. Ба қавли ӯ, наздикони ин духтар гуфтаанд вай ҳамеша аз Худованд илтиҷо мекард, ки ӯро ба писар табдил диҳад. Муҳаммаднабӣ Баёнов таъкид намуд, ин духтар дар оилаашон ягона духтар буда, як бародар доштааст, ки ба Русия рафтаву бо ҳамин аз падару модараш худро канор гирифтааст.

Талоши мо барои тасдиқи ин хабар аз сӯи Вазорати тандурстӣ то ҳоло бенатиҷа буд. Аммо бархе аз сокинони Панҷ ин иттилоъро рад карда ва гуфтанд, ин ҳама ҷуз овозае беш нест. Бо ин ҳол, “Озодагон” ҷузъиёти ин сарусадоҳоро пайгирӣ карда, аз натиҷааш хонандагонро огоҳ хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • муумкин

  • 18 сентябр 2013 14:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
худованд ба хамчиз кодир аст. лекин Бовари надрам ба вокеи будани ин ходиса.
Посух додан
  • шер

  • 18 сентябр 2013 15:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муумкин мегуй, Худованд ба хама кор кодирай мегуй, бо чихел бовари надори?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Журналистони мухтарам, ин он мавзуе нест, ки бояд дар борааш руирост сухан гуи. Шарти аввалини журналистикаро ба ёд оред - Зарар нарасон! (Не навреди!)
Нашояд аз хама чиз хангома сохт. Ин духтари бечора касали модарзо аст. Номи ин касал гермофрадит ё хунсои (дучинса) мебошад. Шояд ин шахс аз ин касалиаш шарм медораду азият мекашад. Мо бошем бо дахолат ба хаёти шахсиаш уро боз хам бадбахттар мекунем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд ба ҳама кор қудратманд аст. Чаро бовар накунем. Ҳама кор шуданаш мумкин
Посух додан
  • Rustam

  • 18 сентябр 2013 16:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба фикри Лола куллан розиям. Ин кадар содда шуда аз паша фил насозед. Ман мутмаинам ки сабаби хамаи ин хангома ин махз хамон касалие мебошад, ки Лола гуфтааст.
Посух додан
  • Чониби хак

  • 18 сентябр 2013 21:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хонум Лола рост мегуяд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
тезтар маълум кунед ин хабарро!
Посух додан
  • Панчи

  • 18 сентябр 2013 23:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шархи ин вокеъаро аз Акай Юсуф пурсидан даркораи вай хубтар медонад калони хочаги дия!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эх Худо товба инхел хабархоро одам шунида гамгин мегардад!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар хакикат хонум Лола дуруст кайд карданд ман низ тарафдори гуфтахои ин хонуми хушбаёнам.Мухтарам рузноманигорон пеш аз оне,ки маводеро ба нашр мерасонед каме андеша кунед хам тарафи мусби ва хам манфиашро то ба хаёти шахсии касе зиён нарасонед. Танхо фикри шухрат ёфтани худро накунед ояндаи халкро ояндаи ун нафаре,ки дар борааш маводе нашр мекунед каме фикр кунед ба кавле "гуфтам ба чашм диди гуфт занако меган"пас шумо аз онхо чи фарк доред.
Посух додан
  • асрор

  • 26 сентябр 2013 22:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
лола хонум 100% рост меган

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!