Бахшҳо

Ситоди Бобоназарова нахустин монеагузории мақомотро супориши "боло" номид

Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона ислоҳотхоҳон, аз эҷоди монеаҳои сунъӣ дар рафти ҷамъовраии имзоҳо аз сӯи бархе мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ изҳори нигаронӣ дорад.

Абдуқаюми Қаюмзод, сухангӯи номзади ягонаи ИНИТ, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, мақомоти ҳокимияти иҷроияи бархе аз шаҳру навоҳии кишвар барои ҷамъвораии имзоҳо ба кормандони ин ситод мушкил эҷод мекунанд.

Қаюмзод мегӯяд, ҳукуматҳои маҳаллии ноҳияи Турсунзода ва навоҳии Фирдавсию Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз кормандони ситоди мазкур баробари варақаҳо барои гирифтани муҳри мақомоти ин навоҳӣ мактуб низ талаб кардаанд. Вале сухангӯи номзади ягонаи ИНИТ аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки мақомоти навоҳии мазкур ба кормандони ситод нагуфтаанд, ки ин мактуб аз кӣ ва аз куҷо бояд оварда шавад.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Қаюмзод мақомоти ҳукумати ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба масъули ситоди интихоботии номзади ягонаи ИНИТ гуфтааст, азбаски Шумо узви Ҳизби наҳзати исломӣ мебошед, чи қадаре, ки ин ҳизб узв дорад, ҳамон қадар ҳаққи ҷамъоварии имзоро дореду халос. Дар ҳоле ки дар қонунҳои кишвар чунин як маҳдудияте зикр нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) аз ин амалкарди ҳукуматҳои иҷроияи бархе аз навоҳии кишвар изҳори беэътилоӣ намуда, гуфтааст, ба ин қазия расидагӣ хоҳад кард.

Абдуқаюми Қаюмзод мегӯяд, азбаски монеаҳо дар бештари навоҳӣ бо як тарзу мазмун эҷод мешаванд, ИНИТ инро як амали супоришӣ ва тарҳрезишуда аз боло меҳисобад.


Дар акс: Абдуқаюми Қаюмзод, сухангӯи номзади ягонаи ИНИТ
Мӯҳр
Диловар
И номардо на кавл доранду на одамгари. Анаира меган демократияи тоҷики.
Аз як зан икадар тарсу харос доранд дар холеки ХХДТ иддио карда буд ки ин занро ҳамчун ракиб ҳам намехисобад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)