Бахшҳо
18 сен 2013 16:43Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҳимояти Стивенсон аз ТАЛКО, интиқодаш аз Узбакистон

Струан Стивенсон, вакили парлумони Аврупо, бо нашри мақолае эътирози баъзе аз кишварҳои ҳамсоя алайҳи ширкати алюминиюми Тоҷикистон – ТАЛКО-ро беасос хондааст. Оқои Стивенсон, ки дар гузашта ҳам борҳо аз сохтмони Роғун ҳимоят карда буд, дар мақолаи худ гуфтааст, ҳоло замони он нест, ки ТАЛКО аз миён бурда шавад. Балки ба гуфтаи ӯ, ҳоло фурсати он аст, ки ин корхонаи бузурги саноатӣ ва барои Тоҷикистон муҳим азнавсозӣ гардад.

Ин вакили парлумони Аврупо, ки гоҳо аз ӯ “дӯсти тоҷикон” ном бурда мешавад, ТАЛКО-ро дурдонаи тоҷи Тоҷикистон номида ва гуфтааст, ин корхона дар ҳоли ҳозир 13 ҳазор нафарро бо ҷои кор таъмин мекунад.

Вай дар мақолаи худ иддаои баъзе аз кишварҳои ҳамсоя, бахусус Узбакистонро дар бораи зарари партовҳои ТАЛКО ба муҳити зист ба баррасӣ гирифта, онро “бадхоҳона” донистааст. Вай гуфта, ки “шояд ҳамчун яке аз корхонаҳои саноатии бузургтарин дар минтақа ва яке аз 10 истеҳсолкунандаи бузургтарини алюминий дар ҷаҳон, ширкат пас аз худ партовҳои истеҳсолӣ боқӣ мегузорад, чунки чунин равандҳои нерӯталаб бе ин омил наметавонанд арзи вуҷуд кунанд. Ин маънои онро дорад, ки корхона бояд навсозӣ карда шавад, на балки аз кор бароварда шавад ва умуман барҳам дода шавад, ба он гунае, ки баъзе эътирозгарон аз кишварҳои ҳамсояи поёноб талаб мекунанд.”

Ин вакили парлумони Аврупо дар идома мегӯяд, дар ҳоли ҳозир талош ба харҷ дода мешавад, то мушкили партовҳои олудакунандаи ТАЛКО аз байн бурда шаванд. “Талабҳо барои аз кор баровардани корхона ва маҳдудсозии фаъолияти ТАЛКО бемаврид ва ғайри мутаносиб буда, ба таҳдидҳо ва суханпардозии пропагандистии ҷунбишҳои экологӣ дар кишварҳои зиёди ғарбӣ шабоҳат доранд”,-таъкид доштааст ӯ.

Струан Стивенсон мегӯяд, “баҳсҳои сиёсӣ ва оштинопазирӣ танҳо ба бунбаст мебаранд, мушкилоти зиёдтар бунёд месозанд, хавфи оқибатҳои бебозгаштро барои муҳити зист афзун мекунанд ва сабаби якбора паст шудани шароити зиндагии миллионҳо одамон дар минтақа мешаванд.”

Ба қавли ин вакили парлумони Аврупо, “бо эътирофи зарурати таъхирнопазирии ҳаллу фасли мушкилот, роҳбарияти “ТАЛКО”, мувофиқи маълумоти мавҷуда, бо Институти ботаникӣ, Академияи улум, Институти тибби профилактикӣ ва Вазорати тандурустӣ, инчунин бо як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳамкориро бо мақсади омӯзиши таъсири моддаҳои олудакунанда ба олами наботот ва ҳайвоноти минтақаи атроф ба роҳ мондааст. Олимони “ТАЛКО” инчунин иброз медоранд, ки онҳо ҳамарӯза олудашавии фазо, таркиби об ва сатҳи радиатсияро месанҷанд.”

Маълумот:

Струан Стивенсон, Вакили ҳизби Муҳофизакорон, намояндаи Шотландия дар Парлумони Аврупо; Президенти Гурӯҳи Парлумони Аврупо оид ба
тағйирёбии иқлим, гуногуншаклии биологӣ ва рушди устувор; соли 2010 ба ҳайси намояндаи шахсии Раиси Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба тайёр намудани гузориш дар мавзуи мушкилиҳои муҳитзистии Осиёи Марказӣ фаъолият бурдааст.
Мӯҳр
душанбе
Ягон рагш точикай чи?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)