Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:14

“Ватандор” аз тарафдоронаш хост, то рӯзи ҷаласа хомӯш бошанд

18 сентябр 2013, 17:47

Ҷунбиши сиёсии “Ватандор” аз аъзо ва тарафдоронаш хостааст, то замони баргузории ҷаласаашон аз ҳамагуна изҳори назар дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон ва номзади аҳзоб худдорӣ кунанд.

Додоҷони Атовулло, журналисти шинохта ва раҳбари “Ватандор”, рӯзи 18 сентябр эълон дошт, ки базудӣ ҷаласаи навбатии худро баргузор ва нисбат ба интихоботу номзадҳо мавқеъгирӣ хоҳанд кард.

“Баъд аз машварати корӣ бо аъзо ҷунбиши "Ватандор" дар бораи ширкат дар интихоботи президентӣ ва ҳамчунин номзади ягона, мавзеи худро эълом хоҳад намуд”,-гуфтааст ӯ. Ба қавли Додоҷони Атовулло, “мо тамоми саъйи худро сарфи ҳузур ёфтани тамоми аъзо хоҳем намуд, вале дар сурати ҳузур ёфта натавонистани аъзои ҷунбиш аз дохили Тоҷикистон, ҳатман назари онҳоро аз тариқи васоили иртиботӣ дарёфт карда ва сипас якдилона мавзеъ хоҳем гирифт”.

Ин дар ҳолест, ки чанде пештар Додоҷони Атовулло аз тасмими Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон барои пешбарии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентӣ интиқод карда буд. Ӯ Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро номзади муносиб медонист. Созмони “Ватандор” чанд соли қабл дар Маскав аз сӯи Додоҷони Атовулло таъсис шуда, то ҳоло маълум нест, чи қадар аъзо ва тарафдор дорад. Худи Атовулло гуфта, ки ба далели амнияти тарафдорону аъзояш номи онҳоро ошкор намекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • hisor

  • 18 сентябр 2013 18:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
to oxiri intixobot xomush isti baroi tu behtar ast.yoki to oxiri umrat.
Посух додан
  • Али Сугди

  • 18 сентябр 2013 20:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Халки точик Чавонони точик намехохад ки дар замини Точикистон чанг шавад барои Точикистон одамони бегона даркор нест Додик то охири умр хомуширо ихтиер кунед бехтар мешад ин маслихати дустона
Посух додан
  • Ақлак

  • 18 сентябр 2013 20:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Додоҷон беҳтараш то ҳаёти дорӣ, хомуш бимонӣ.
Вақти хомушнишинӣ нест, бояд амал кард.
Шармадагӣ аз ин дигар намешавад!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ино шарм намедорад марди биё бо рахбари гамхор сухбат кун хунар надори бехтар хомуш бшин.Д.Отовулло
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хомуш будан ё набудани шуммо ягон ахамияте надорад,чун ки дар ин сахнаи сиёси шуммо ягон мавкеи намоёнеро ишгол намекардед ва карданатон хам имкон нопазир аст.Аз худатон фил натарошед))
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин одам чимехохад? Не ба рахмонов соз мегирад не ба кабири дар однокласник хондам ки гуфтааст кабири бад ва рахмон бадтараст Ин одам нияти пок надорад.
Посух додан
  • Салим

  • 19 сентябр 2013 08:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гови бешир овози баланд дорад, мегуянд дар хакикат
Посух додан
  • Bla-la

  • 19 сентябр 2013 08:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
“мо тамоми саъйи худро сарфи ҳузур ёфтани тамоми аъзо хоҳем намуд, вале дар сурати ҳузур ёфта натавонистани аъзои ҷунбиш аз дохили Тоҷикистон, ҳатман назари онҳоро аз тариқи васоили иртиботӣ дарёфт карда ва сипас якдилона мавзеъ хоҳем гирифт”. Ин маънояш хамин ки дар Ватандор гайр аз Додик дигар ягон аъзо нест. Bla bla bla dod az dasti Dodo!
Посух додан
  • а

  • 19 сентябр 2013 09:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Ватандораш як чунбиши виртуали аст. Ин чанд сол шуд дар борааш мешунавем, лекин аъзоенаш кианд, маълум нест. Ба викрам як аъзо дорад - худи Атовуллоев.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Д А-ев агар хиси ватандориро дони чунин рафтори ночавонмардона намекуни бас будагист игвою кинаву кудурат кишвари сулхшударо ба по нахезон ту магар фикр мекуни ба чи кор машгули агар дасти дигаратам бардори чизе аз дастат намеояд дар се соли охир барои милатат чи карди хато модари пиратро хабар нагирифти пас кучо ватандору ватвндорию модардори Ч О олимаком арзанда ва хисси ватанро медонад биёед хама якдилу якчон шуда бахри ободии ватанамон хисае гузорем бас будагист чкдигаро сиёх кардан точик точикро сиёх кунад бад аз дигарон чи гила ..................
Посух додан
  • Чамик

  • 19 сентябр 2013 11:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ма нав фахмидум ки чумбиши Ватандор тарафдор дорад. Боварим намеояд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
hisor,
то рузи киёмат

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!