Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:34

Роҳҳои махсуси ворид шудани маъюбон ба масҷиди Имом Тирмизӣ

19 сентябр 2013, 08:34

Як ширкати хориҷӣ барои намозгузорони маъюб ё маълули Масҷиди марказии шаҳри Душанбе роҳҳои махсуси ворид шудан ба таҳоратхона ва дохили бинои масҷид сохта шудааст.

Атовулло Қосимов, сухангӯи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, тамоми хароҷоти ин иқдомро як ширкати хориҷӣ ба зимма гирифтааст. “Ин ширкати хориҷӣ дар баробари фароҳам намудани шароит барои намозгузорони маъюб, се адад аробачаи маъюбӣ низ туҳфа кард”,-афзуд ӯ.

Ҳудуди як моҳ мешавад, ки намозгузорони маъюби Масҷиди марказӣ метавонанд бо аробачаҳои худ аз ошёнаи аввал ба ошёнаи дувуми бино ворид шуда, намоз бигузоранд. Қаблан, боло кардани онҳо тавассути зинаҳо мушкил буд ва аз ин рӯ, дар саҳни ҳавлии масҷид намоз мехонданд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран се тоҷири маҳаллӣ барои таъмир ва таҷдиди ин масҷид зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷудо намудаанд. Атовулло Қосимов мегӯяд, Шӯрои уламои Тоҷикистон аз тамоми масъулони масоҷиди ҷомеи кишвар хостааст, барои намозгузорони маъюб шароитҳои муносиб фароҳам кунанд.
Ҳар ҳафта ҳазорон сокини Душанбе барои адои намози ҷумъа ба масҷиди марказии пойтахт меоянд. Ин масҷид ҳанӯз дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта бо ҳимояти қозиёти вақт бунёд ёфтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!