Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:52

Назари коршинос дар бораи шонси 4 номзад ба мақоми президентӣ

19 сентябр 2013, 09:02

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари умури сиёсӣ, мегӯяд, аз чаҳор номзад ба мақоми президентӣ, ки то ҳоло аз ҷониби аҳзоб пешниҳод шудаанд, Ойниҳол Бобоназарова шонси бештаре дорад. Вале ба қавли ӯ, мақомот бо эҷоди мушкил монеи пешрафтҳояш хоҳанд шуд.

Рӯзи 17-уми сентябри соли ҷорӣ Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби демократӣ ва 18-уми сентябр Ҳизби сотсиалистӣ анҷумани пешазинтихоботии худро баргузор ва номзадҳои худро дақиқ карданд. Вакилони ҲНИТ номзадии Ойниҳол Бобоназароваро аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ ҷонибдорӣ карда, аз тарафи ҲАТ Толиббек Бухориев, аз тарафи ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов ва аз тарафи ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоров барои ба даст овардани курсии президентӣ вориди сабқат шуданд.

Оқои Муллоҷонов мегӯяд, номзади аграриҳо, демократҳо ва сотсиалистҳо дар ин интихобот чандон бо мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ нахоҳанд омад. Чун ба гуфтаи ӯ, “ин ҳизбҳо дар ҳолатҳои вазнин барои ҳукумат хидмат мекунанд. Барои ин ҳизбҳо мушкилоте ба монанди ҷамъ кардани имзо пеш нахоҳад омад. Барои мисол, мақомоти маҳаллӣ ин корро ба ҷойи аграриҳо анҷом медиҳанд. Барои номзади ҲДТ ҳам баъзе имконият вуҷуд дорад. Мушкилоти ҷиддӣ барои номзадии хонум Бобоназарова эҷод хоҳад шуд.”

Ба қавли Муллоҷонов, тафовути ин интихоботи президентӣ аз интихоботи қаблӣ дар он хоҳад буд, ки то ба имрӯз коршиносон дақиқ намедонанд, кадом номзад чӣ қадар овоз мегирад. “Дар интихоботи дигар мо 5-6 моҳ қабл медонистем, ки номзад кӣ аст, чӣ қадар овоз мегирад ва ҳукумат чӣ қадари онро ихтисос медиҳад. Аммо бо пешниҳоди Бобоназарова метавон гуфт, ки як интригае дар интихобот пайдо шуд. Албатта, маълум аст, ки пирӯзӣ ба номзади ҳизби ҳоким аст. Вале саволҳои зиёде атрофи миқдори овоз ба вуҷуд хоҳад омад”,-изҳор дошт Парвиз Муллоҷонов.

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. То кунун ба ин мақом чаҳор номзад пешниҳод шуда, аҳзоби дигар гуфтаанд, номзадҳои худро то 4-уми октябр дақиқ хоҳанд кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХАКИКАТИ ТАЛХ: КМИР, вакилони парлумон, вазиру кабир, мансабдорони марказиву махалли, оила, рохбарони муассисахои олии таълими, ВАО-и давлатиб сафорату консулгарихои точикистон, раисони вилоя, шахру нохия ва чамоатхои шахраку дехот, "рухониён" ин хама худро МЕДАРРОНАНД то ки номзади ХХДТ пируз шавад.
Посух додан
  • Ман

  • 19 сентябр 2013 09:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вале иншоаллох Х,ХДТ шикаст хурдаву пируз нахохад шуд.
Посух додан
  • Мардбача

  • 19 сентябр 2013 10:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рохбарони ХХДТ ВАЪДА ДОДА БУДАНД,КИ ТО СОЛИ 2009 ЛИМИТИ БАРК, ПУРРА АЗ БАЙН МЕРАВАД ВА БЕБАРКИ БАРОИ ШУМО АФСОНА МЕШАВАД. ЛЕКИН БА ВАЪДААШОН ВАФО НАКАРДАНД. ВА БИСТ СОЛ МЕШАВАД,КИ ДАР Ш.КУЛОБ ДАР ФАСЛИ ЗИМИСТОНИ САРД ,БАРКРО 6-8 СОАТ МЕДИХАНДУ ХАЛОС. ВАЪДАИ ДОДАГИАТОНРО КАЙ ИЧРО МЕКУНЕД ЧАНОБОН?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз кай боз ин парвиз коршинос шуд...то дируз тарчумон буд..имруз шум о журналистон камтар вичдон доред е не...хар як аз сари кучаро коршинос меномед..
Посух додан
  • zombi

  • 19 сентябр 2013 14:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ташшаккури зиед ба хамматон.....
Посух додан
  • zombi

  • 19 сентябр 2013 14:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ташшаккури зиёд ба шумоён...
Посух додан
  • Раббонй

  • 20 сентябр 2013 08:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман, Иншооллох ХХДТ бо номзадаш Э. Рахмон пируз мешавад. Барои ободию осудагй оромию субот ва зиндагии шоистаи мардум ба номзади ХХДТ овоз медихем.
Посух додан
  • Бекорак

  • 20 сентябр 2013 11:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саид...,
Ҷони гапро гуфтӣ, бародар. Туф накардаӣ, ки боло сари коршиносе меафтад.
Ин "назари" Парвиз бо дастгирии як лоҳияаш аз тарафи ташкилоти байналмиллалӣ ба даст омадааст. Содатар гӯемадаш, заказной аст.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!