Бахшҳо

Эҳтимоли “танбеҳ”-и дастаи “Равшан” аз сӯи ФФТ

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) мегӯяд, сармураббии тими “Равшан”-и Кӯлоб дар бозии ҷавобии даври 1\4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 бо дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров дастури баргузории мусобиқоти қаҳрамонӣ ва Ҷоми Тоҷикистонро риоя накардааст ва эҳтимол ба ин даста бохти техникӣ дода шавад. Дидори ҷавобии 1\4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни ин ду даста 18-уми сентябр дар шаҳри Кӯлоб баргузор ва бо пирӯзии “Равшан” (2:1) ба охир расида буд.

Пас аз анҷоми ин бозӣ раҳбарияти бошгоҳи “Парвоз” ба ФФТ эътирози расмӣ навиштаанд. “Бино ба қавли сармураббии “Парвоз” Алиёр Ашӯрмамадов, дар нимаи дувуми бозӣ бозигари 19-солаи “Равшан” Саидхони Амрохонро легионер Гершон Акуффо иваз кард, ки ин мухолифи Дастури мусобиқот мебошад”,-навишта шудааст дар торнамои расмии ФФТ.

Ёдовар мешавем, ахиран Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Дастури мусобиқоти қаҳрамонӣ ва Ҷоми Тоҷикистон тағйиру иловаҳо дароварда буд. Дар ҳуҷҷат омадааст, "аз нимаи дувуми мавсим ҳар як бошгоҳ вазифадор аст, ки дар ҳайати ибтидоии даста дар бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонӣ дар лигаҳои олӣ ва якум,Ҷоми Тоҷикистон як бозигари то 19-сола (соли таваллудаш на аз 1994 боло)-ро дохил намояд. Ҳамчунин ин бозигарро дар ҷараёни бозӣ танҳо бозигари синну соли 19-сола иваз карда метавонад. Дар мавриди вайрон кардани ин қоида ба бошгоҳ бохти техникӣ бо ҳисоби 0:3 дода мешавад”.

Ба иттилои манбаъ, аризаи шикоятии “Парвоз” дар ҷаласаи наздиктарини Кумитаи назорату ахлоқи ФФТ баррасӣ хоҳад шуд. Агар ба дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бохти техники дода шавад, пас дастаи “Парвоз” бо ҳисоби 4:2 ғолиб дониста шуда дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон бо дастаи “Истиқлол”, ки рақиби пурқуввати дастаи “Равшан” аст рақобат хоҳад кард.

Ин итифоқ дар ҳоле рух дода, ки чанде қабл Маъруф Рустамов, сармураббии дастаи “Равшан” пас аз пирӯзии дастааш дар доираи бозиҳои Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон гуфта буд, ки “мо тасмим гирифтаем ва дар назди даста мақсад гузоштаем, ки имсол унвони қаҳрамони Тоҷикистонро ба даст оварда ва ҳам соҳиби Ҷоми Тоҷикистон-2013 мешавем.”
Мӯҳр
Футболист
Ин кор ба назар аз пеш бо маслихати пешаки анчом дода шуда метобад.

Хм
Номарди аз суи душманони Равшан сар шуд.

Чи илоч
Дар Точикистон варзишро бо сиесат якчоя мекунанд! Кас хайрон мешавад? Хайр хеч гап не! Охир РАВШАНЧОН ЯГОНА БУД, ХАСТ ва ХОХАД МОНД! Ин ВАО-и Точикистон менависад ва боз менависад!!!

Мухлис
Инчо гап сари вао нест гап сари сиёсати дохиллии ффт аст вао кори худро анчом медихад. Истиклоли Рустам, ки дар ду бози аз РАВШАНЧОН шикаст хурд ффт бояд илоч надорад дигар бояд коре кунанд, ки бечора истиклол аз чанги РАВШАНЧОН рахо шавад. Мард он аст, ки зурро эътироф мекунад!

Кулоб
Маъракаи пешазинтихоботи аст кадом душмане хаст ба хамин восита Кулобро бо чаноб БАД МЕКУНАД. Рустам бояд ин корро фикр кунад. Зур зураст. Агар Парвоз он кадар зур мешуд Равшанро шикаст медод. Ин бахона шуда наметавонад. Хушёриро аз даст набояд дод зеро ин метавонад характери сиёси пайдо кунад. Рустам бори дигар хушёр бош, ки мухлисони Равшан зиёд аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)