Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:30

“Тоҷик Эйр” 21 сентябр гуруҳи нахустини зоиронро ба Мадина мебарад

19 сентябр 2013, 11:21

Гуруҳи нахустини зоирини тоҷик, ки 210 нафарро ташкил медиҳанд, рӯзи 21-уми сентябри соли ҷорӣ ба шаҳри Мадина, барои зиёрати Хонаи Худо, сафар хоҳанд кард.

Лола Кенҷаева, масъули дафтари матбуоти ширкати “Тоҷик Эйр”, ба “Озодагон” гуфт, парвози ин гуруҳи зоирон тавассути ҳавопаймои ин ширкат анҷом мегирад. Ба ққавли ӯ, “парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба самти Арабистони Саудӣ дар ҳавопаймои Боинг 757-200 иҷро мегардад”.

Ба иттилои манбаъ, соли ҷорӣ «Тоҷик Эйр» аз 21-уми сентябр то 1-уми октябри соли ҷорӣ, бо иҷрои 13 парвоз қисмате аз зоиринро ба шаҳри Мадина, қисмати дигарро ба шаҳри Ҷидда таҳвил медиҳад ва аз санаи 19-уми октябр то 2-юми ноябр бо иҷрои 13 парвози дигар ҳоҷиёни тоҷикистониро ба ватан бармегардонад.

“Дар маҷмӯъ, ширкати «Тоҷик Эйр» 2 ҳазору 730 нафарро барои адои Ҳаҷи фарзӣ ба Арабистонӣ Саудӣ интиқол медиҳад, ки ин 40%-и маҷмӯи умумии зоирини тоҷикистониро дар соли ҷорӣ ташкил медиҳад”,-афзуд Лола Кенҷаева. Зоирони боқимондаи тоҷикро ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” то Ҳаҷ хоҳад бурд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!